Гусели Насриддинзода аз парлумон ба бахши ёрдамчиҳои Президент

© сомонаи парлумони ТоҷикистонМаҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Эмомалӣ Насриддинзода, ёвари раисиҷумҳур дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва Эмомалӣ Насриддинзода, ёвари раисиҷумҳур дар умури иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Ваколатҳои вакилии Эмомалӣ Насриддинзода дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қатъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Ваколатҳои Эмомалӣ Насриддинзода дар парлумони Тоҷикистон қатъ карда шуда, ба бахши ёрдамчиҳои раисиҷумҳур гусел карда шуд.
Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Эмомалӣ Насриддинзода, барои хизматҳои шоиста ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ бо ифтихорномаи Маҷлиси намояндагон ва аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо Сипоснома сарфароз гардонида шуд.
Дар пайи қатъи ваколатҳои вакилӣ, Эмомалӣ Насриддинзода ба кор ба ҳайси ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мепардозад. Ӯ дар ин мақом Абдуҷаббор Раҳмонзодаро иваз намуд, ки ахиран сафир дар Ӯзбекистон таъйин гардид.
Файзалӣ Идизода, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Идизода савганд хӯрду раиси Кумита интихоб гардид
Эмомалӣ Насриддинзода то ҳол вакили Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Фирдавсӣ № 1 буда, роҳбарии Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсонро ба уҳда дошт. Бо таъйинаш ба мақоми ҷадид, курсии вакилӣ ва роҳбари Кумита холӣ монд. Феълан маълум нест, ки интихобот барои интихоби вакили нав кай сурат мегирад.
Бар асоси ҳолномаи расмӣ, Эмомалӣ Насриддинзода соли 1966 дар вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, соли 1983 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и шаҳраки Кангурти ноҳияи Темурмаликро хатм намудаст. Ӯ соли 1990 Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ ва соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Насридинзода соли 2008 рисолаи номзадиро дар мавзӯи “Проблемаҳои ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ дар шароити бунёди давлати демократӣ дар Тоҷикистон” дифоъ намуда, соли 2015 рисолаи докториро дар мавзӯи “Густариши фарҳанги ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити амиқ гардидани тафовутҳои фарҳангӣ-тамаддунӣ: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ” ҳимоя кардааст.
Ӯ қаблан дар идораи пулиси андоз, мақомоти адлия ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0