Гузоштани хаймаҳо барои зарардидаҳо, низомиён ва табибон дар Вахш: барқ гузаронида мешавад

© Мақомоти вилояти ХатлонХаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш
Хаймаҳо барои зарардидагони сел дар ноҳияи Вахш - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Беш аз 50 нафар сарбозони қисми низоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷалб шудаанд.
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Дар деҳаи Иттифоқи Ҷамоати деҳои "20-солагии Истиқлолият"-и ноҳияи Вахш айни ҳол барои сокинони аз офати табиӣ зарадидаи ноҳияи Вахш шаҳраки хаймаҳо қомат меафрозад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти мақомоти вилояти Хатлон.
Гуфта мешавад, ки дар шаҳрак беш аз 30 хайма барои зарардидагон, инчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва табибон насб шудааст.
Ба хаймаҳо барқ гузаронида истодаанд. Маҳалла бо оби нӯшокӣ таъмин мебошад.
Комиссияи махсуси ҳукуматӣ ба арзёбии ҳаҷми зарар машғул аст.
Ёдрас мекунем, ки бар асари сели шаби 11 май дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш якчанд манзили зист пурра хароб гардида, заминҳои наздиҳавлигӣ, иншооти ёрирасон, майдонҳои кишт аз лой пур шудааст.
Рӯзи 13 май, Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Вахши вилояти Хатлон Қурбоналӣ Юсупов телефонӣ суҳбат кард.
Селевой поток  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
"Сел омад - фирор кунед": 10 тавсияи КҲФ барои наҷоти ҷони худ аз сел
Раиси ноҳияи Вахш ба президент доир ба тадбирҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ҳисобот дод.
Бо дастури раисиҷумҳур, гурӯҳи корӣ бо роҳбарии муовини сарвазири Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва роҳбарони дигар сохторҳои марбута ҷиҳати муайян кардани хисороти ба хоҷагии халқи ин ноҳия расида ва бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ сафарбар гардид.
Эмомалӣ Раҳмон раиси ноҳияи Вахшро вазифадор намуд, ки ба мардуми зарардида кӯмакҳои саривақтӣ расонанд ва ҳарчӣ зудтар манзилҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти харобгардидаро барқарор намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала