Истеҳсоли картошка дар Тоҷикистон ба беш аз 1,1 миллион тонна расонида мешавад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузаштан ба хазинаи аксПродажа картофеля на рынке
Продажа картофеля на рынке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Дар Тоҷикистон қарор аст, дар се соли оянда истеҳсоли картошка ба 1,1 миллион тонна расонида шавад.
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Дар ин бора дар Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023 ишора шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Авеста”.
Тибқи ин санад, то соли 2023 ба истеҳсоли картошка бояд ба 1 миллиону 113,2 ҳазор тонна расонида шавад.
Баъзан дар фасли зимистону тирамоҳ дар ҷумҳурӣ болоравии нархи картошка ба назар мерасад. Болоравии нарх имсол низ истисно набуд.
Дар моҳи феврал болоравии нархи ин маҳсулоти кишоварзӣ ба қайд гирифта шуда буд. Арзиши картошка дар моҳи феврал аз 4-4,5 сомонӣ ба 6 сомонӣ расид. Дар пойтахт тавассути ярмаркаҳои доимоамалкунандаи озуқаворӣ вазъи нархи картошка муътадил гашт. Дар ин ярмаркаҳо арзиши як кило картошка ба ҳисоби миёна 4,5 сомонӣ ташкил медод.
Меъёри тавсияшавандаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон ба як нафар дар як сол 92 килоро ташкил медиҳад. Барои таъмини аҳолии ҷумҳурӣ, солона тақрибан 870 ҳазор тонна картошка истеҳсол кардан лозим аст.
Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.11.2020
Пешсафии Суғд аз ҳисоби ҷамъоварии ҳосили картошка
Тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ, дар соли 2020 дар кишвар 1 миллиону 22,5 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст. Аммо вазири кишоварзӣ Сулаймон Зиёзода дар нишасти хабарии 9 феврал гуфт, ки ҳамаи ин картошкаҳо дар бозор нахоҳанд буд, зеро сеяки зироат ҳамчун тухмӣ истифода мешавад.
“Соли 2020 ба як нафар солона 92 кило лозим буд ва мо ба ҳар сари аҳолӣ 70 кило ҷамъоварӣ мекардем. Ҳамин тариқ, ба як нафар 22 кило картошка намерасад”, - гуфт вазир он замон.
Картошка ба хӯроки асосии сабади истеъмолии Тоҷикистон дохил карда шудааст. Бояд қайд кард, ки дар бозорҳо камбуди ин намуди маҳсулоти кишоварзӣ ҷой надорад, баръакс, фаровонӣ боқӣ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала