Мулоқоти Расулзода бо Мирзиёев: аз ҳамкорӣ то омодагӣ ба дидори президентҳо

© Сайт Президента Республики УзбекистанПрезидент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад, бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон мулоқот кардааст
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Шавкат Мирзиёев, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳозира, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду кишвар ба даст омадааст, гуфта, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода прибыл в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ вориди Тошканд шуд
Қохир Расулзода бошад, ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, саломи самимӣ ва таманниётҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои умедбахш дар соҳаи савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардаанд.
Ҳамчунин тамосҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва соҳибкорӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт, афзудааст манбаъ.
Сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ӯ барои омодасозии ҳамаҷонибаи саммити муштараки дарпешистодаи сарони давлатҳо, инчунин таъмини амиқи шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳо ва халқҳои бародар саъй хоҳад кард.
Шавкат Мирзиёев прибыл в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад
Ёдовар мешавем, ҳоло сарвазири Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд қарор дорад.
Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ имрӯзу фардо идома хоҳанд кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард ва дар охири мулоқотҳо, имзои як қатор созишномаҳо низ дар назар аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала