Нақзи оташбас: инфиҷор дар намози ҷумъаи Кобул 12 кушта барҷой гузошт

© AP / Rahmat GulПолиция в городе Кабул
Полиция в городе Кабул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Полиси Кобул эълом кард, ки дар натиҷаи таркиш дар масҷиди шаҳри Шакардара 12 нафар, аз ҷумла пешвои намози ҷумъа, кушта ва беш аз 15 тани дигар маҷрӯҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Полиси Кобул эълом кард, ки ин инфиҷор зуҳри имрӯз ҳангоми барпои намози ҷумъа дар масҷиди “Ҳоҷии Бахшӣ” дар минтақаи қалъаи Муродбеки шаҳристони Шакардара рух додааст, иттилоъ додааст хабаргузории Форс.
Сухангӯи полиси Кобул, Фирдавсӣ Фаромарз дар ин бора гуфт, дар ин инфиҷор имоми ҷумъаи масҷид муфтӣ Нӯъмон бо 11 намозргузор кушта шудааст ва беш аз 15 намозгузори дигар захмӣ шуданд.
Ин инфиҷор дар дувумин рӯзи оташбасе, ки аз сӯи Толибон (гурӯҳи мамнӯъ дар Русия) ба муносибати иди Саиди Фитр эълом шуд, рух додааст.
Масъулияти инфиҷорро то кунун фард ва ё гурӯҳе бар ӯҳда нагирифтааст.
Маршал Абдул-Рашид Дустум - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Маршал Дӯстум ба Толибон: аз пайи ҳукумати аморатӣ набошед
Ёдрас мешавем, ки қаблан Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд.
"Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар ҳоле оташбаси серӯза эълом кард, ки ин гурӯҳ дар моҳи Рамазон ба рағми дархостҳои давлати Афғонистон барои барқарории оташбас, ҷангу ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишварро шиддат додааст.
Бар асоси омори Вазорати кишвари Афғонистон, дастикам 100 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти як моҳи ахири "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) кушта шудаанд.
Давлати Афғонистон ҳамчунин ин гуруҳро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 63 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала