Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Омори охири гирифторӣ ба вируси корона дар ҷаҳон: эълони изтиробовари СҶБ

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузаштан ба хазинаи аксОткрытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве
Открытие нового пункта вакцинации от COVID-19 в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Шумори умумии сироятёфтагон ба вируси корона дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.
Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафар ҷони худро аз даст дод. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.
Италия хабар дод, ки шумори фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 123 ҳазору 745 нафар расидааст ва зарфи 24 соати гузашта боз 201 нафар ҷони худро аз даст дод.
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Афзоиши якбораи теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қазоқистон
Дар қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ гирифторони нав ба коронавирус ба қайқд гирифта шудааст. Дар айни замон тибқи иттилои расмӣ коронавирус дар ду намояндаи неруҳои хушкигард ифшо шудааст. Ҳоло шумори умумии мубталоён ба ин вирус дар қувваҳои мусаллаҳи Куреи Ҷанубӣ ба 850 нафар расидааст.
Дар Гурҷистон зарфи як шабонарӯз бар асари ташхиси 31 982 нафар ба SARS-CoV-2 776 ҳодисаи нави сироят ба коронаиврус ба қайд гирифта шудааст. То ин шабу рӯз дар Гурҷистон 326 441 нафар мубтало ба коронавирус шудаанд ва шумори фавтидагон ба 4379 нафар расидааст.
Молдова аз сирояти боз 224 нафар хабар дод. Ҳоло дар беморхонаҳои ин кишвар 1388 гирифтори COVID-19 табобат мешаванд ва 171 нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд. Шумори умумии гиифторон ба COVID-19 дар ин кишвар 253 ҳазору 173 нафар буда, аз аввали ҳамагирӣ 5981 нафар фавтидаанд.
Вакцинация от российской вакцины Спутник V - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Вазорати тандурустӣ: ягон нафар аз ваксинаи зидди COVID-19 дар Тоҷикистон нафавтидааст
Шабонарӯзи гузашта дар Украина 6813 сироятшудаи нав ошкор шуд ва 346 беморони ин вирус ҷон бохтанд. Бештар сиряотшудагони нав дар шаҳрҳои Киев ва Харков – 726 ва 635 нафар ошкор шуданд.
Русия аз ифшои боз 8380 ва марги 392 нафар ба COVID-19 хабар дод. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 4 миллиону 913 ҳазору 439 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 114 ҳазору 723 нафар фавтиданд.
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2283 нафари дигарро чун гирифтори коронавирус сабт карданд ва бештари ин сироятёфтагони нав дар шаҳрҳои Олмаато ва Нурсултон буданд.
То 14-уми майи соли 2021 дар Ӯзбекистон 95 826 нафар чун мубтало ба COVID-19 сабт шудаанд ва аз ин вирус 667 нафар фавтидаанд. Зарфи 24 соати гузашта ягон ҳодисаи марг бар асари коронаиврус ба қайд гирифта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала