Путин муноқишаи Фаластин ва Исроилро таҳдид ба Русия номид

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузаштан ба хазинаи аксВладимир Путин- Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию
Владимир Путин- Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Даргирии мусаллаҳонаи Исроил ва Фаластин ба амнияти Русия таҳдид мекунад, гуфт сарвари давлати Русия Владимир Путин
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Муноқишаи Исроилу Фаластин ба манфиатҳои амниятии Русия таъсир мерасонад. Инро президенти Русия, Владимир Путин ҳангоми мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои Амният изҳор дошт.
"Ин дар наздикии марзҳои мо рух медиҳад ва ба манфиатҳои амнияти мо мустақиман таъсир мерасонад", - таъкид намуд вай.
Путин аз ширкаткунандагони мулоқот хоҳиш кард, то дар бораи вазъ дар Шарқи Наздик ҳозир шаванд.
Раҳбари Русия ҳамчунин таъкид кард, ки ин кишвар ба таҳдидҳо дар наздикии марзҳояш "ба таври дуруст" посух хоҳад дод.
Певица Юлдуз Усманова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
"Лозим шавад ҷанг мекунам": чаро як муроҷиати Юлдуз ба яҳудиҳо боиси ҷанҷол шуд - навор
Ёдовар мешавем, ки табодули ҳамлаҳои мушакӣ миёни артиши Исроил ва гурӯҳҳои фаластинӣ дар навори Ғазза аз рӯзи 10 май қатъ нашудааст.
Афзоиши муноқиша дар натиҷаи ошӯбҳое, ки дар масҷиди Ал-Ақсо дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ ба вуқӯъ пайваст, пас аз қарори суд дар бораи аз хонаҳояшон дар Шайх Ҷарра берун кардани оилаҳо сар зад.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи қурбониёни зарбаҳои нерӯҳои ҳавоии Исроил дар навори Ғазза ба 119 нафар расидааст. Дар байни онҳо 31 нафар кӯдакон ва 19 нафар занон мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала