Раъду барқ ва борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкВесеннее цветение растений в Краснодаре
Весеннее цветение растений в Краснодаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон меборад
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Бод аз сӯи ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 1- 6 дараҷа хунук ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Мавзеъҳои харобшуда дар паи сел дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади 9 -ум, пиразани 70 - соларо пайдо кард
Ҳаво дар вилояти Суғд тағйирёбандаи бебориш мешавад. Бод аз сӯи ғарб суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вокуниши Президент ба марги одамон дар Кӯлобу Ҳисор: дастур ба Расулзода ва генералҳо
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.
Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 12+14 ва рӯзона 27+29 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0