Русия квотаҳоро барои донишҷӯёни кишварҳои Осиёи Марказӣ зиёд мекунад

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксМинистр науки и высшего образования РФ В. Фальков посетил МИА "Россия сегодня"
Министр науки и высшего образования РФ В. Фальков посетил МИА Россия сегодня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Вазири илм ва таҳсилотии олии Русия хабар дода, ки дар Русия донишҷӯёни хориҷӣ, ки тибқи квота таҳсил мекунанд бештар хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 14 май — Sputnik. Валерий Фалков қайд кардааст, ки масъалаи афзоиши квота ё бурсия барои донишҷӯёни хориҷӣ дар ҷаласаи ҳукумати Русия таҳти раёсати раисҷумҳур Владимир Путин баррасӣ шуд, иттилоъ додааст "Вестник Кавказа".
Ба гуфтаи Фалков, сарфи назар аз пандемия ва дигар омилҳои манфӣ донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия таваҷҷуҳи зиёд доранд.
"Албатта, мо ба ворид шудани кадрҳои боистеъдод ба кишвар манфиатдорем, аз ин рӯ, бо назардошти афзоиши алоқамандӣ ба таҳсилот дар Русия, тасмим гирифта шуд, ки шумораи квотаҳои таҳсилотиро барои шаҳрвандони хориҷӣ зиёд намоем. Дар ин ҷо пешсаф ҳамсояҳои наздиктарини мо ҳастанд - Тоҷикистон , Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон. Дар ин кишварҳо ба таври анъанавӣ талабот ба таҳсилот дар Русия хеле зиёд аст ", - гуфт вазир.
Представительство Россотрудничества в Таджикистане организовало «Большой этнографический диктант»  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2020
Бурсия, грант ва стипендия: донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия чӣ хоҳанд гирифт
Вай ҳамчунин илова кард, ки дар ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки барои рушди забони русӣ дар кишварҳои ИДМ тадбирҳо омода карда шаванд.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба ҳукумати кишвараш супориш дод, ки омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро фаъолтар гардонанд.
Путин дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои хориҷи наздикро нокифоя хонд.
Ҳоло ҳудуди 30 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Теъдоди бештари онҳо дар Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Белорус ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала