Амрико бузургтарин пойгоҳи низомиашро дар ҷануби Афғонистон ба нерӯҳои миллӣ вогузор кард

CC BY 2.0 / The U.S. Army / One Last LookАмериканские войска увозят раненых, архивное фото
Американские войска увозят раненых, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Обуна шудан
Ҳамзамон бо эъломи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, Амрико бузургтарин пойгоҳи худро дар ҷануби ин кишвар холӣ кард
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Бино ба гузориши хабаргузории Форс, мақомоти низомии Амрико эълом карданд, ки пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ба нерӯҳои низомии Афғонистон вогузор шуд ва низомиёни Амрико аз ин пойгоҳ хориҷ шуданд.
Пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон яке аз бузургтарин маҳалҳои истиқрори низомиён амрикоӣ буда ва дар замони авҷи ҷанг бо "Толибон" (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ) 26 ҳазор низомии хориҷӣ ва амрикоӣ дар ин пойгоҳ мустақар будаанд.
Американские военнослужащие в Сирии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
ИМА умедвор аст, ки пойгоҳҳояшро аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ интиқол диҳад
Аз соли 2014 низ пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ба маркази аслии мушовира ва омӯзиши низомиёни афғон дар минтақаи ҷануби ин кишвар табдил шуда буд.
Моҳи гузашта ва пас аз эъломи хуруҷи низомиёни хориҷӣ, пойгоҳи ҳавоии Қандаҳор ҳадафи ҳамлаи ракетӣ қарор гирифт, ки дар ин ҳодиса ба касе осеб нарасид.
Қаблан Амрико эълон карда буд, ки то 11 сентябр ҳамаи низомиёнашро аз Афғонистон хориҷ хоҳад кард.
Аз соли 2001 то кунун 2300 низомии амрикоӣ дар ҷанги афғонистон кушта ва 20 ҳазор нафар низ дар ин муддат захмӣ шуданд ва ҳамчунин аз соли 2009 беш аз 100 ҳазор шаҳрванди афғон дар тӯлонитарин ҷанги Амрико кушта ва захмӣ шудаанд.
Военнослужащих американской национальной гвардии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сиёсатмадори рус: ҷойгиркунии пойгоҳи ИМА дар Тоҷикистон амри маҳол аст
Бино ба гузориши коршиносон Амрико бо тарки афғонистон нуфузашро дар минтақа кам карданӣ нест.
Мақомоти амрикоӣ низ бар инанд, ки нерӯҳояшонро дар яке аз дафлатҳои ҳаммарз бо Афғонистон ҷо кунанд, аммо то ҳол ҳосиле дар ин самт ба даст наовардаанд.
Ӯзбекистон расман шарҳ дод, ки пойгоҳҳои ИМА-ро дар қаламраваш ҷой намедиҳад, тоҷикистон низ тибқи созишномаҳои байналмилалӣ чунин имкон надорад, аммо ҳоло расман рад надодааст.
Лентаи хабарҳо
0