"Худои Чин" нахустин бор дар таърих дар Миррих бомуваффақият фуруд омад - видео

Модули фурудояндаи истгоҳи байнисайёравии Чин "Тянвен-1" бомуваффақият ба Миррих фуруд омад
Дар ин бора рӯзи шанбе Маъмурияти миллии кайҳонии Чин хабар дод.
Миррихгард ки ба истгоҳи автоматии байнисайёравӣ ҷойгир аст ва "Чжурун" ном гирифтааст, аз Замин рӯзи 23 июли соли 2020 бо истифода аз ракетаи "Чанчэнг-5" аз космодроми Венчан дар Чин парвоз кард.
Дастгоҳ "Чжужонг" ном гирифт. Чжурун дар фарҳанги анъанавии Чин ҳамчун "Худои оташин" арҷгузорӣ мешавад.
"Окно” - равзана ба кайҳони бузург
Шаби шанбе дастгоҳ ба Миррих бо муваффақият фуруд омад.
Ҳамин тариқ, Чин сеюм кишваре шуд, ки як мошини худгардро ба Миррих интиқол додааст.
Пештар ин корро Иттиҳоди Шӯравӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико анҷом дода буданд.
Чин бори аввал дар таърих бомуваффақият озмоишро дар Миррих фуруд овард. Дар тӯли таърихи омӯзиши фазои коинот ба Миррих 49 рисолаи автоматикии кайҳонӣ фиристода шуд.
"Шайтони чанголуд" дар Миррих олимонро шокӣ кард - видео
Аз ин шумор, 21 миссия бомуваффақият буданд (аз ҷумла Тянвен-1), ҳафт қисман муваффақ ва 21 номуваффақ.
Дар ҳамин ҳол, "ExoMars" - и Русия ва Аврупо бояд соли 2022 ба сайёраи сурх фуруд ояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала