Раҳмон, Рустам ва Озода ҶДММ "Ориё-Медикал" - и Ҳоҷиевро ифтитоҳ карданд - видео

Обуна шудан
Корхонаи нави истеҳсолӣ дар Душанбе бо саҳми соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев дар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлол, дар масоҳати 0,7 гектар замин сохта шудааст
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ раҳбари дастгоҳи президент Озода Раҳмон ва вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар ноҳияи Синои пойтахт Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ориё-Медикал"-ро мавриди истифода қарор доданд.
Корхонаи "Ориё — Медикал" ба истеҳсоли маводи тиббӣ, аз ҷумла системаи яккарата барои гузаронидани маҳлулҳо, ниқоби муҳофизатии яккарата, оинаи гинекологӣ, сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), сӯзандору (шпритс) бо андозаҳои гуногун ва маҳлули антисептикӣ равона гардида, дар миқёси кишвар ягона дониста мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизот ва хатҳои истеҳсолии корхонаи “Ориё — Медикал” аз Чин, Ҷопон, Полша ва дигар давлатҳо ворид ва бо ҷалби мутахассисони ватанӣ васлу насб гардидаанд.
Истеҳсолоти корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат ивазкунандаи воридот ва содиротӣ мебошанд.
Иқтидори истеҳсолии корхона дар як рӯз 138 ҳазор дона системаи якбористифодашаванда, 273 ҳазор дона ниқоби муҳофизатии яккарата, 11 ҳазор дона оинаи гинекологӣ, 13 ҳазор дона маҳлулҳои антисептикӣ, 400 ҳазор адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 41 ҳазор дона сӯзани дохиливаридӣ (бабочка) мебошад.
Гуфта мешавад, ки дар як сол имкон аст, ки дар корхона 50 миллион адад системаи якбористифодашаванда барои гузаронидани маҳлулҳо, 100 миллион адад ниқоби муҳофизатии яккарата, 15 миллион адад сӯзани дохиливаридӣ (бабочка), 3,5 миллион адад оинаи гинекологӣ, 150 миллион адад сӯзандору бо андозаҳои гуногун ва 5 миллион адад маҳлулҳои антисептикӣ истеҳсол карда шаванд.
Корхона имкон дорад, ки дар оянда истеҳсоли сӯзандору бо андозаҳои гунонунро ба 300 миллион адад расонад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Ориё-Медикал" 200 нафар, ки аксарашон занону бонувон мебошанд, дар ду баст бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0