Ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон тақвият меёбад

CC BY-SA 3.0 / Wikipedia / Dilshod Akbarov / Город Ташкент, архивное фото
Город Ташкент, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Обуна шудан
Аз тақвияти ҳамкории миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон афзоиши гардиши савдои байни ду кишвар далолат мекунад
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамкориҳои иқтисодиро тақвият мебахшанд ва далели ин гуфтаҳо афзоиши гардиши савдои миёни ду кишвар дар соли 2021 будааст.
Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллар афзоиш ёфтааст.
Ин масъала зимни дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо муовини сарвазир — вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзақов баррасӣ шудааст.
Премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода прибыл в Ташкент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ вориди Тошканд шуд
Ӯзбекистон яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, дар семоҳаи аввали соли 2021 гардиши савдо байни ду кишвар 104 млн доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум 23,1 млн. доллари ИМА афзоиш ёфтааст, гуфта шудааст дар ин мулоқот.
Зимни мулоқот ҳамчунин ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар самти лоиҳаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, масъалаҳои таъсиси корхонаҳои муштарак дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва мубодилаи таҷриба байни вазоратҳои ҳарду кишвар дар самтҳои дурнамосозии макроиқтисодӣ, тиҷорати электронӣ ва содагардонии расмиёти савдо ҳамкорӣ намоянд.
Завқизода зикр кардааст, ки ба шарофати сиёсати оқилона ва дурандешонаи роҳбарони ду кишвар, муносибатҳо ба сатҳи сифатан нав баромадаанд.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Маълум шуд, Мирзиёев кай ба Тоҷикистон меояд
Манбаъ афзуда, ки дар анҷоми вохӯрӣ тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории судманд изҳор карданд.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 14 май сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ ба Ӯзбекистон сафар кард.
Гуфта мешавад, ки ин ҳайъат дар ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, ки таҳти раёсати сарвазирон баргузор мешавад, ки вазифаи асосии он ҷустуҷӯи "нуқтаҳои рушд"-и ҳамкориҳои судманд барои давраи дарозмуддат аст, ишркат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0