Эмомалӣ Раҳмон "Қасри бахт"-ро дар Душанбе ифтитоҳ кард

© пресс-служба президентаНоый Брачный дом "Дворец счастья" в Душанбе.
Ноый Брачный дом  Дворец счастья в Душанбе. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Обуна шудан
Дар Душанбе дар рӯзи таҷлил аз Рӯзи байналмилалии оила хонаи ақди никоҳи нав ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik.Имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ дар пойтахти Хонаи ақди никоҳро, ки “Қасри бахт”- ро ифтитоҳ карданд.
Ба иттилои котиботи президент сохтмони бинои мазкур соли 2019 дар ҳудуди “Наврӯзгоҳ”-и шаҳри Душанбе оғоз гардида, он бо сифати баланд ва бо назардошти талаботи муосири корӣ, санъати баланди миллии меъморӣ рангу оро ёфта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Молодая пара выясняет отношения - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2020
Ақди никоҳ каму ҷудошавӣ ҳам кам: Кумитаи занон омори азҳампошии оилаҳоро гуфт
Ба иттилои манбаъ, дар бино барои гузаронидани маросими ба расмиёт даровардани ақди никоҳи навхонадорон шароити зарурӣ фароҳам гардида, бо ба истифода додани иншоот мушкилоти чандсолаи кормандони Хонаи ақди никоҳи шаҳри Душанбе дар самти надоштани ҷойи мувофиқу муносиби корӣ ба пуррагӣ ҳал гардид.
“Қасри бахт” аз се ошёна иборат буда, қабати аввали он аз роҳравҳои барҳавою замонавӣ, ки бо роҳаткурсиву дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, муҷаҳҳаз буда, ду қабати дигар утоқҳои корӣ мебошад.
“Дар ин ҷо толори ақди никоҳи миллӣ ва толори ақди никоҳи аврупоӣ бунёд гардида, мувофиқ ба завқу хоҳиш навхонадорон метавонанд никоҳи худро дар онҳо ба расмиёт дароранд. Ҳар як толор имконият дорад, ки дар як вақт барои наздик ба 70 нафар хизмат расонад”, - афзудааст котиботи раисиҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароиту имкониятҳои иншооти нав баҳои баланд дода, кормандони бахшро вазифадор намуданд, ки бо роҳандозии хизматрасонии саривақтӣ, одобу муоширати намунавӣ бо шаҳрвандон, сатҳу сифати хизматрасониро боз ҳам баланд бардоранд.
© Хадамоти матбуоти президентПрезидент бо нахустин навхонадорон дар бинои нави Хонаи ақди никоҳ "Қасри бахт"
Президент бо нахустин навхонадорон дар бинои нави Хонаи ақди никоҳ Қасри бахт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Президент бо нахустин навхонадорон дар бинои нави Хонаи ақди никоҳ "Қасри бахт"
Хонаи ақди никоҳ дар Рӯзи байналмилалии оила ифтитоҳ шуда, Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон дар маросими хонадоршавии даҳ ҷуфти ҷавон, ки аксари онҳо ятим мебошанд, иштирок карда, шаҳодатномаи ақди никоҳ ва туҳфаи пулӣ ҳадя намудааст.
Ҳамчунин раисиҷумҳур ба навхонадорон тамоми ҷиҳози рӯзгор, аз қабили яхдон, мошинаи ҷомашӯиву дарздӯзӣ, телевизор, қолин ва дигар ашёе, ки барои зиндагӣ зарур аст, тақдим намуданд, ки ин иқдом боиси болидарӯҳии ҷавонон гардид
Лентаи хабарҳо
0