Се садамаи маргбори рӯзи ид: ҳалокати ду ноболиғу як миёнасол

© hoffmann-tipsntrips / pixabayДетская игрушка возле дороги
Детская игрушка возле дороги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Обуна шудан
Санаи 13 май, рӯзи таҷлил аз Иди Рамазон дар кишвар се садамаи маргбор сар задааст, ки дар пайи он ду ноболиғ ва як зани миёнсол ба ҳалокат расидааст.
ДУШАНБЕ, 15 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои дохила, дар ин рӯз сокини ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати шаҳраки Сомониёни ноҳияи мазкур дар пайи риоя накардани қоидаҳои бехатарии роҳ садама кардаст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин рӯз тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Королла”, Муҳиддинов Сироҷ Хоҷамуродовичи 51-сола ноболиғ Раҳимаи Шералии15 - соларо пахш кардааст.
Дар натиҷа, ноболиғ Раҳимаи Ш. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст, афзудааст манбаъ.
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Ду қурбонии дигари рӯзи 11 май дар пайи садама дар Тоҷикистон
Инчунин, 13-уми майи тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико”, Зулфиев Абдуалӣ Раҷабович 44 - сола, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти мазкур аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Нексия”, таҳти идораи ронанда, Саъдуллозода Анис Саттор бархӯрдааст.
"Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи “ДЭУ-Тико” ноболиғ, Зиёвиддинзода Ҳокимҷон Нуралӣ, соли таваллудаш 2020, сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст",- гуфтааст ВКД.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Бархурди "Mercedes" - ҳои Файзалию Фузайл бо марги ҳарду анҷомид: садама дар Хатлон
Тибқи гузориши ВКД ҳамзамон 13-уми май тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Шодиев Меҳроҷиддини 60-сола сокини шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “Панҷакент-Хуҷанд”, дар километри 69-ум бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Солеҳов Солеҳи 55- соларо пахш кардааст.
Гуфта мешавад, дар натиҷа, Солиҳов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0