Хайрулло Ибодзода вазири қазоқро ба Душанбе даъват кард

© ВКХ ҶТСафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев
Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро пазируфт
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Сафири Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода бо вазири экология, заминшиносӣ ва захираҳои табиии Қазоқистон Магзум Мирзагалиев мулоқот кард.
Дар ин мулоқот, масоили марбут ба рушди робитаҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Қазоқистон омода аст ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад
Дар ҷараёни мулоқот инчунин ҷонибҳо оид ба имконияти таҳкими ҳамкорӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва барномаҳои дахлдори он, аз ҷумла Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ мубодилаи афкор намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот М. Мирзагалиев даъвати ҷониби Тоҷикистонро барои сафар ба Душанбе қабул кард.
Ӯ дар Машварати роҳбарони вазорату идораҳои ҳифзи муҳити зисти давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси 4-уми Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, ки баргузории онҳо 26-29 июли 2021 дар Душанбе дар назар аст, ширкат хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала