Вазирони маорифи Русияву Тоҷикистон таълими забони русиро баррасӣ карданд

© Sputnik / Vladimir TrefilovРуководитель Федеральной службы по надзору в сфере образования и науки Сергей Кравцов в пресс-центре МИА "Россия сегодня"
Руководитель Федеральной службы по надзору в сфере образования и науки Сергей Кравцов в пресс-центре МИА Россия сегодня - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Ҷонибҳо масъалаи таълими забони русиро дар Тоҷикистон баррасӣ кардаанд
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода сӯҳбат телефонӣ анҷом дод.
Ҷонибҳо таълими забони русиро дар ҷумҳурӣ баррасӣ кардаву дар бораи сафари Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июн ба мувофиқа расиданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати Русия.
"14 май вазири маорифи Федератсияи Русия Сергей Кравтсов бо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Сайдалӣ Имомзода гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод", - омадааст дар иттилоия.
Вазирон музокироти кории худро ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, аз ҷумла амалисозии барномаҳои таълими забони русӣ бахшиданд.
Гуфта мешавад, муколама дар доираи татбиқи дастурҳои Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин сурат гирифтааст, ки вазирро даъват намудааст, ки ба рушду дастгирии омӯзиши забони русӣ дар кишварҳои ИДМ таваҷҷӯҳ зоҳир кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуот, сарони вазоратҳо таҳияи лоиҳаҳои муштаракро, ки ба баланд бардоштани сатҳи дониши забони русӣ дар байни мактаббачагони тоҷик нигаронида шудаанд, баррасӣ карданд.
"Ҳамкории таълимӣ байни кишварҳои мо босуръат рушд карда истодааст. Як қатор лоиҳаҳои калони марбут ба рушди инфрасохтори маориф бо забони русӣ ва тибқи стандартҳои Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Ҳамин тариқ, лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии панҷ мактаб аллакай ба марҳилаи татбиқи амалӣ расидааст ", - гуфтаас Кравтсов.
Президент РФ В. Путин выступил на сессии онлайн-форума Давосская повестка дня 2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Путин омӯзиши забони русӣ дар Тоҷикистонро нокифоя хонд
Сохтмони панҷ мактаб дар Тоҷикистон, ки тибқи стандартҳои Русия фаъолият мекунанд ва бо таҷҳизоти зарурии технологӣ муҷаҳҳаз сохтани онҳо то моҳи сентябри соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.
Мактабҳо дар панҷ шаҳр: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд. Инчунин дар гуфтугӯ вазирон дар бораи сафари кории Кравтсов ба Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ ба мувофиқа расиданд, гуфта мешавад дар паём.
Ёдовар мешавем, ахиран президенти Русия аз сатҳи нокияфои таълими забони русӣ аз ҷумла дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, ба масъулин дастур дода буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала