Ифшогариҳои Зулайхо: аз рӯзҳои сахти кӯдакӣ ва сирри шӯҳрат то сипосгузорӣ аз Манижа

© Sputnik / Валерий МельниковЗулайхо Маҳмадшоева
Зулайхо Маҳмадшоева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Сарояндаи машҳури эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева дар бораи рӯзҳои сахти кӯдакӣ гуфту сирри шӯҳраташро ифшо кард
ДУШАНБЕ, 15 май— Sputnik. Зулайхо Маҳмадшоева овозхони ҷавон ва номдори тоҷик дар саҳифааш дар Instagram наворе нашр карда дар бораи зиндагии шахсияш нақл кард.
Сароянда қиссаашро аз душвор будани замони кӯдакиаш оғоз карда мегӯяд, чун дигар тифлон дар оғӯши гарму падару модар ба воя нарасидааст.
"Он вақте, ки кӯдакони ҳам синну соли ман дар оғӯши гарми падару модар ба воя мерасиданд, падарам аз мо хеле дур буданду модарамро низ кам медидем, чун аксари вақт дар кор буданду мардонавор заҳмат мекашинданд", - қисса мекунад Зулайхо.
Дар идомаи суҳбаташ сароянда мегӯяд, ба миисли кӯдакони дигар ба боғча нарафтааст бо муҳаббати волидон ба мактаб гусел нашудааст, вале аз ҳамон айём дарси бузурги зиндагиро барои худ касб кардааст.
"Аз он замон медонистам ик барои чизеро ба даст овардан бояд хеле талош кард ва ҳамин хел - зиндагиро муборизаву худро мубориз дарёфтам", - гуфт Маҳмадшоева.
Сароянда ҳамчунин сирри муваффақ будани худро низ ифшо кард. Ба гуфти Зулайхо барои машҳур шудан заҳмат кашидан лозим аст. Дар баробари ин ӯ бовар дорад, ки орзӯҳои бузургаш ӯро ба қуллаҳои баланди зиндагӣ расонид.
"Агар бигӯед ба он кӯдаки дар чашими одамон назарногир чӣ кумак кард, мегӯям, аввал Худо ва баъдан орзуҳои зебоям", - бовар дорад Зулайхо Маҳмадшоева.
Ҳамчунин сароянда дар охири ин навор аз ҳамаи он нафароне, ки дар эҷодиёташ ба ӯ кумак кардаанд, изҳори сипос гуфта, ташаккури махсусро ба устодаш Манижа Давлатова арз дошт.
"Як сипоси хос ба Манижаҷони қалбам, устоди азизам иброз мекунам, ки то имрӯз ҳар ҷо кӣ будам ҳузури зебояшонро эҳсос мекунам ва ӯ ҳам ҳамеша дуру наздик канорам буду ҳаст", - хулоса кард Зулайхо.
Ногуфта намонад, ки Зулайхо Маҳмадшоева дар оғози фаъолияти ҳунарияш аз Манижа пайравӣ мекард. Ва ҳатто дар баъзе ҳолатҳо эҷодиёти Манижаро месуруд.
"Ман Манижа Давлатро аз хурдӣ дӯст медораму пайрави сабки ӯ будам. Имрӯзҳо низ бо Манижа ҳамкорӣ дорам. Ӯ бароям оҳанг менависад, ман бошам иҷро мекунам", - гуфта буд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева.
Ёдрас мешавем, ки Зулайхо Маҳмадшоева ахиран албоми нави худро таҳти унвони "Намебахшам" нашр ва пешкаши мухлисонаш кард. Муаррифии албоми нави сароянда бо ҳузури овозхонони саршиноси тоҷик ва фаъолони шоу- бизнес дар Душанбе баргузор шуд.
Навори ин албом дар шабакаи Ютуб моҳи январ нашр шуда буд. То имрӯз сурудҳои нави Зулайхоро беш аз 207 ҳазор нафар гӯш кардааст.
Зулайхо Маҳмадшоева зодаи ноҳияи Фархор мебошад. Ӯ дар оилаи коргар ба дунё омадааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала