ДОИШ масъулияти таркиш дар масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт

© REUTERS / Omar SobhaniПолицейский на месте нападения на университет в Кабуле, Афганистан
Полицейский на месте нападения на университет в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Дар паи инфиҷоре дар масҷиди шаҳристони Шакардараи вилояти Кобул 12 нафар, аз ҷумла имоми ҷамоат шаҳид ва беш аз 15 тани дигар захмӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Гурӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба масҷиди Кобулро бар уҳда гирифт
Бино бар иттилои расонаҳои Афғонистон, гурӯҳи террористии ДОИШ аз тариқи хабаргузории вобаста ба худ мавсум ба хабаргузории Ношир, масъулияти ҳамлаи рӯзи ҷумъа ба масҷиде дар минтақаи Шакардара дар Кобул пойтахти Афғонистонро бар уҳда гирифт.
Военнослужащие США на учениях, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Чин хуруҷи нерӯи Амрикоро аз Афғонистон маҳкум кард
Дар паи инфиҷоре дар масҷиди шаҳристони Шакардараи вилояти Кобул 12 нафар, аз ҷумла имоми ҷамоат шаҳид ва беш аз 15 тани дигар захмӣ шуданд .
Ба гуфтаи полиси Кобул ин инфиҷор зуҳри ҷумъа дар ҳангоми барпоии намози ҷумъа дар масҷиди Ҳоҷӣ Бахшӣ дар минтақаи Қалъаи Муродбеки шаҳристони Шакардара рух додааст .
Пеш аз ин гурӯҳи Толибон дахолати худро дар ин ҳамла рад карда буд.
Пештар хабар дода шуд, ки бар асари таркиши автобус дар вилояти Парвон дар шарқи Афғонистон ҳаддиақал ду ғайринизомӣ кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Дар ин бора расонаҳо дар истинод ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар медиҳанд.
Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар минтақаи Ҷабал Сараҷ рух додааст. Дар бораи вазъи захмиён маълумоте ироа нашудааст.
Специальный представитель президента РФ по Афганистану, директор второго департамента Азии МИД РФ Замир Кабулов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Кобулов: Толибон барои музокироти сулҳ бо давлати Афғонистон омодаанд
Инчунин, дар канори шаҳри Фараҳ, маркази маъмурии вилояти ҳамном автомашинаи бомбагузошташуда таркид. Ду сарбози артиши Афғонистон ҳалок ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи иттилои ин шабака, таркиш дар пойгоҳ рух додааст. То ҳол дар бораи вазъи сарбозони маҷрӯҳ маълумоте нест.
Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон 16 нафар кушта ва 41 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала