Медали тиллои Дилшод Назаров дар Бразилия ва зодрӯзи Шоҳназар Соҳибов: 16 май дар таърих

День 16 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.

Рӯзи 16 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1929 аввалин бор дар ҳотели "Roosevelt" дар Ҳолливуд (ИМА) маросими супоридани Ҷоизаи ҳоло машҳури "Оскар" доир гардид.
Ин маросим ҳамагӣ 15 дақиқа давом карда, дар он тақрибан 250 нафар ширкат намуданд.

Рӯзи 16 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе бо мақсади ташвиқу тарғиби ҳаракати байналмилалии олимпӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш Рӯзи дави миллӣ баргузор гардид.
Соли 2012 Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо мавзеъҳои аз заминларзаи 13 майи ҳамон сол зарардида ба ноҳияҳои Рашт ва Тавилдара сафар карданд.
День 13 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Иди Рамазон муборак! рӯзи 13 май дар таърих
Соли 2012 муносиботи дӯстию ҳамшарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар мулоқоти хосаи дуҷонибаи Сарони ҳарду давлат- Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин муҳокима гардид.
Соли 2013 гурзандози тоҷик Дилшод Назаров дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук аз силсилаи "IAAF World Challenge" дар шаҳри Белеми Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 49 сантиметр партофта, медали тилло ба даст овард.
Соли 2013 масоили вобаста ба рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва савдо, амнияти минтақавӣ ва илму фарҳанг баррасӣ гардиданд.
Соли 2015 масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуданд.
День 12 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Рӯзи шашмақом: 12 май дар таърих
Соли 2016 дар ҷараёни сафари расмӣ ба Давлати Кувайт дар Маркази тиҷоратӣ — фароғатии ""Авеню" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Директори генералии "Маҷмуату шарикот ал Шоеъ" Муҳаммад Ҳамад ал-Шоеъ мулоқот карданд.
Соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Агротехсервис"-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ҷашнҳои рӯзи 16 май

Рӯзи биографҳо.
Рӯзи байналмилалии рушноӣ.

Рӯзи 16 май дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1903 — Шоҳназар Соҳибов, композитор ва сароянда, дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ.
Соли 1932 — Абдулло Яқубов, олим, доктори илмҳои тиб.
Соли 1935 — Саидмурод Ҳотамов, композитор, коргардон, овозхон.
Соли 1938 — Юсуф Акбаров, адабиётшинос.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала