“Ҳамин шаб анҷом медиҳем”: охирин лаҳзаҳои ҳаёт ва марги Мӯсоев дар ҷои кор - акс

© PixabayСвеча
Свеча - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Лутфуллои Азиз, рӯзноманигори тоҷик, тафсилоти марги ҳунарманди шинохта, Назирмад Мӯсоевро баён доштааст
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Назирмад Мӯсоев, ҳангоми кор дар студияи дубляж, шаби 15 май даргузашт.
Рӯзноманигор Лутфуллои Азиз, мегӯяд, Мӯсоев 15 май тақрибан то соати 22:10 дар студияи дубляж ҳамроҳи коргардони саршинос ва роҳбари "Хатлонсинамо" Зафари Валӣ дар филми тозатаҳияи бачаҳои хатлонӣ овоз медод.
Ба иттилои манбаъ, ҳарчанд Зафари Валӣ аз Назирмад Мӯсоев хоҳиш карда, ки "устод, бевақт шуда, шумо имрӯз зиёд кор кардед, боқияшро фардо анҷом медиҳем", аммо раҳматӣ бо исрор иброз медорад, ки на, ҳамин шаб корро ба итмом мерасонем.
“Назирмад Мӯсоев охирин ҳарфи нақши офаридаашро овоз медиҳаду аз ҳуҷраи садодиҳӣ берун мешавад. Чанд нафасе дар курсӣ менишинад ва аз Зафари Валӣ хоҳиш мекунад, ки барояш даво биёрад, меъдааш месӯзад. Дар ҳамин ҳол Зафари Валӣ ба дорухона мешитобад”, - .нақл кард Лутфуллои Азиз дар саҳифаи фейсбукияш.
Ӯ афзуд, вақте Зафар бо давои меъда ҳозир мешавад, мебинад, ки ҳоли Назирмад Мӯсоев ниҳоят бад шудааст.
“Ва ҳамон нафас қалби ҳунарпешаи нотакрор даруни синааш пора мешавад. Вопасин лаҳазоти зиндагии Назирмад Мӯсоев дар филми Зафари Валӣ барои абад сабт шудааст”, - таъкид кард рӯзноманигор.
Назирмад Мӯсоев, ки дар 70 – умин соли умраш ҷон дод, гуфта мешавад, ки марҳум дар Идораи дубляжи ТВ "Синамо" ҳамвора, дар ҳама филмҳо садо медод ва бархилофи бисёри ҳунарпешаҳо аз ночиз будани ҳаққи заҳматашон боре ҳам шикоят накардааст.
Мужчина совершает молитву на кладбище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Ҷанозаи ҳунарпеша Назирмад Мӯсоев дар шаҳри Душанбе - навор
Маросими видоъ бо Мӯсоев 16 май дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Мӯсоев дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият карда, дар филму намоишномаҳои зиёди солҳои шӯравӣ ва замони Истиқлол ҳунарнамоӣ кардааст
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала