"Падару модарам кофиранд": сӯҳбати "муҷоҳид"-и зиндонӣ, ки пушаймон шуд

© AP / Sherin ZadaВооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото
Вооруженные сторонники движения ИГИЛ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Дар моҳи май ҳамасола Рӯзи оиларо таҷлил мекунанд. 15 майи соли 1993 Ассамблеяи Генералии СММ қарор дод, ки ҳар сол ин сана ҳамчун Рӯзи оила таҷлил карда шавад. Таъсиси ин рӯз ҳадафи ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеаи давлатҳои ҷаҳон ба мушкилоти сершумори оила буд.
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik, Шер Алиев. Пас аз 5 соли оғози таҷлили ин сана дар тамоми ҷаҳон шоҳиди қазияи бисёр риққатовар гардида будам, ки мушкилии хонаводагиро баён мекард ва феълан мехоҳам онро ба хонандагон нақл кунам.
Он замон амакам ба ҳайси муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳими Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хидмат мекард.
Чанде пеш аз ҳодисаҳои тасвиршуда, нерӯҳои махсус дар якҷоягӣ бо ОМОН-и Вазорати корҳои дохилӣ ва Гвардияи президентӣ як гурӯҳ ҷангиёни машҳуртарин фармондеҳи саҳроии Иттиҳоди оппозисиюни Тоҷик (ИНОТ) Ризвон Содировро шикаст дода буданд.
Боевики движения Талибан, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.02.2021
Ҳушдори СММ дар бораи ҳамалоти ДОИШ ба пойтахти Афғонистон
Онҳое, ки дар ҷараёни амалиёти вижа кушта нашуда буданд, боздошт ва таҳти тафтиш қарор доштанд. Ман аз амакам хоҳиш кардам, ки бо яке аз гумонбарон барои ман мулоқот ташкил кунад.
Ӯ муддати тӯлонӣ розӣ нашуд, аммо дар ниҳоят ба мақсадам расидам.

Пешгуфтор

Муҷоҳидон, ки ба худ чунин ном додаанд, марзи Тоҷикистону Афғонистонро убур карда буданд.
Асоси гурӯҳро писарбачаҳои 17-18 сола ташкил медоданд, ки дар ибтидои солҳои 90, вақте ки ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ идома дошт, ватани худро тарк карданд.
Тӯли 5-6 сол дар Афғонистони доимо ҷангзада, ба зудӣ мазаи хунро фаҳмиданд ва ба гургҳои бераҳм табдил ёфтанд.
Онҳо бе дудилагӣ истифода мешуданд, зеро наврасон ҳанӯз ҳам тарси маргро надоштанд. Табиист, ки ин бо роҳи шустани мағзи сар ба даст омадааст.
Дар ҳоле, ки ҳамсолони онҳо дар зиндагии осоишта асосҳои алгебра ва физикаро меомӯтанд, муҷоҳидини оянда соатҳои дарозро бо сӯҳбатҳои ифротиҳое, ки хуро мулло ном мебурданд, сарф мекарданд.
Делегация талибов приехала на переговоры в Москву - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд
Дар натиҷа, ҷаҳонбинии онҳо таҳриф мешуд. Амалҳои фармондеҳашон, ки бо хунрезии бесобиқааш байни мардум овозадор шуда буд, бетаъсир намонд.
Ҷиноятҳои Ризвон Садиров, ки ҳам худӣ ва ҳам дигаронро мекушт, ҳатто роҳбарияти ИНОТ, фармондеҳи кулли отрядҳояшро маҷбур кард, ки аз ӯ даст кашад.

Модар ва падарам кофиранд

Ҷавон ба утоқи бозпурсӣ оварда шуд. Дастҳояшро завлона зада буданд, чашмонаш бо кунҷкобии пинҳоние а ба сӯи ман менигаристанд. Чеҳраи нав дар девори боздоштгоҳи муваққатӣ ҳамеша боиси таваҷҷӯҳ мешавад.
Пеш аз сӯҳбат ба ман хабар доданд, ки як рӯз пеш муҷоҳид аз мулоқот бо волидонаш даст кашидааст. Табиист, ки саволи аввали ман чаро буд.
Бача бепарвоёна ҷавоб дод, ки намехоҳад падар ва модари худро бубинад, зеро онҳо "мунофиқ" (кофир)-анд.
Ситуация на месте теракта в Берлине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2021
Ҳукми зиндони як тоҷик ба ҷурми терроризм дар Олмон
Ин изҳорот маро сахт такоан дод. Магар тоҷикон арзишҳое чун эҳтироми волидонро дар хуншон надоштанд?
Аммо ҷавони 18-солае дар муқобили ман менишаст, ки ва афроди наздиктаринашро кофир меномид танҳо ба хотири он ки бо кофирон ба ҷиҳод нарафтаанд. Охир онҳо деҳқон ҳастанд, бояд дар саҳро кор кунанд! Пул кор кунед, аз ҷумла барои пардохти музди адвокати ин ҳафтафаҳм.
Ҳангоми сӯҳбат ҷангҷӯй бо ифтихор ба ман гуфт, ки аввалин қурбонии худро дар синни 13-солагӣ куштааст. Ин ҷавон ба 22 соли зиндон маҳкум шуда буд.

Вохӯрии ғайричашмдошт

Ман бо ӯ соли гузашта тасодуфан дар бозори либос во хӯрдам. Ростӣ ман собиқ муҷоҳидро нашинохтам. Ӯ худ ба наздам омад ва аз он мулоқот ёдрас шуд.
Мард либоси аврупоӣ дошт ва духтари 4-5-соларо аз дасташ медошт. Ӯро барои рафтори намунавӣ пеш аз мӯҳлат озод кардаанд.
Ба зодгоҳаш баргашта оиладор шуда будааст.
Вақте аз волидонаш пурсидам, гуфт, ки зиндаанд.
"То ҳол кофиранд?", - пурсидам ман аз вай.
"Он вақт ман як ҷавони аблаҳе будам", - гуфт вай ва бо алам хандид. – Зиндон хело зуд мағзҳоро тоза мекунад. Ман доим аз Худованд шукргузор мешавам, ки волидонам то ҳол зиндаанд. Онҳо маро барои он суханҳо бахшидаанд, аммо ман худро ҳеҷ гоҳ намебахшам".
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.11.2020
Пушаймон шуд: Шерафганро барои ҳамкорӣ бо ДОИШ ба 13 сол маҳкум карданд
"Ман барои он ҷавон хурсанд шудам, ки ислоҳ шудааст, аммо бо кадом арзиш?
Имрӯзҳо, баъзе аз ҷавонони тоҷик, ки ба ДИИШ мепайвандад (созмони террористии дар Тоҷикистон ва Русия мамнӯъ) бо наздиконашон чунин муносибат доранд
Шояд ин саргузашти ҳамватанашон ба чунин "муборизони имон" кумак кунад, ки ба худ оянд ва ба оилаҳои худ баргарданд. Гузашта аз ин, мақомоти Тоҷикистон афви онҳоеро кафолат медиҳанд, ки пушаймон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала