Сафири тоҷик дар Эрон: забони форсӣ ҳувияти тоҷиконро ҳифз кард

© SputnikПерсидская вязь
Персидская вязь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Вай ишора ба ин кард, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон раванди бозёбии ҳуввияти фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон забони муштаракро нигаҳбони ҳуввияти миллӣ донист ва гуфт : Забони форсӣ нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд.
Ба гузориши "Парс тудей", Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳамоиши маҷозии “Посдошти забону адабиёти форсӣ дар минтақаи ЭКО” дар ин бора изҳори назар кард.
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Паёми сафири Эрон дар Тоҷикистон ба муносибати рӯзи бузургдошти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ
"Дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вақте ҳамаи омилҳои ҳуввиятзудоӣ доман паҳн карданд, ҳамаи рисолати ҳифзи ҳуввияти фарҳанги порсиро забони тоҷикӣ ба унвони шохае аз забони форсӣ ба душ кашид ва нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд", - гуфт вай.
Сафири ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо баёни ин ки забони форсӣ асолати фарҳанги Эронзаминро дар бистари тамаддунсози ислом ҳифз кард.
"Имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқу тани маҳкам ва се шохаи маҳками тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эронро дорад ", - афзуд вай.
Зоҳидӣ изофа кард : Ин забон мазҳари ягонагии Эрони фарҳангӣ аст ва вазифаи мост, ки ин дарахтро аз газанди забони ҷаҳонӣ ҳифз кунем ва барои ояндагон ба мерос бигузорем; чунон ки пешиниён онро ба дасти мо супурданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала