Биное дар Ғазза аз зарбаи Исроил дар як сония фурӯ рафт - навор

Даргирии мусаллаҳона байни Исроил ва Фаластин идома дорад. Ҷонибҳо чанд рӯз боз ба ҳамлаҳои шадиди мушакӣ гузаштанд
Дар аввали моҳи май байни нерӯҳои амниятии Исроил ва фаластиниҳо задухӯрд ба амал омад.
Пас аз он, гурӯҳи радикалии Ҳамос ба ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроил шурӯъ кард. Дар посух Исроил ба зарбаи Ғазза шурӯъ кард.
Дар Исроил даҳ нафар ҳалок ва тақрибан 50 нафар маҷрӯҳ шуданд. Теъдоди қурбониёни ҷониби Фаластин 218 нафарро ташкил медиҳад. Аз хабарҳои охирин маълум шуд, ки мушакҳо ба яке аз биноҳо дар Ашдоди Исроил зарба задаанд. Чанд нафар захмӣ шудаанд.
Артиши Исроил гуфт, ки ба хонаҳои фармондеҳони Ҳамос зарба мезанад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала