Болоравии рекордии евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро эълон кард

© Sputnik / Владимир Трефилов / Гузаштан ба хазинаи аксДенежные купюры, архивное фото
Денежные купюры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо қурби пули аврупоӣ ба ҳадди рекордӣ мерасад
ДУШАНБЕ,17 май — Sputnik. Рубли русӣ низ дар оғози ҳафта каме боло рафта, доллар бошад, устувории қаблиро нигоҳ медорад.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1528 сомонӣ нишон дода шудааст.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,7334 сомониро фурӯхта мешавад.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.7334 то 13.9500 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1528 то 0.1540 сомонӣ муқаррар шудааст.
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Нигаронии иқтисоддонҳо аз коҳиши босуръати доллар дар ҷаҳон
Қурби ҳаррӯзаи асъор аз сӯи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала