Дашноми духтароне, ки ба лексуссаворҳо не гуфтанд: ҳабси муттаҳамон - аксу видео

© сомонаи РВУД ДушанбеБегов Ҷаҳонгир Далаталиевич, боздоштшуда барои дашноми духтарон дар маркази Душанбе
Бегов Ҷаҳонгир Далаталиевич, боздоштшуда барои дашноми духтарон дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Ҷавонони ҷипсавор дар маркази Душанбе духтаронеро, ки муошират бо онҳоро рад кардаанд, дашном доданд ва бо қарори суд пушти панҷара рафтанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Раёсати умури дохилии Душанбе аз ҳабси ду ҷавони лексуссаворе хабар дод, ки дар гаппартоӣ ва дашноми духтарон муттаҳам мешаванд.
Ба иттилои раёсати умури дохилӣ, ба идораи милиса ҷавондухтар муроҷиат карда, арз доштааст, ки "ҷавонони ҷипсавор" ӯ ва дугонаҳояшро дар кӯчаҳои марказии пойтахт дашномҳои қабеҳ намуда, шаъну шарафашонро паст задаанд.
Маъмурини милиса муайян намудаанд, ҷавононе, ки духтарон аз онҳо шикоят доранд, Муҳаммадҷонов Валиҷон, сокини 28-солаи шаҳри Ваҳдат, ронандаи "Лексус", 1010JD01 ва ҳамроҳаш Ҷаҳонгир Бегови 28-сола сокини деҳаи Маданияти шаҳри Ваҳдат мебошанд.
© сомонаи РВУД ДушанбеМуҳаммадҷонов Валиҷон , боздоштшуда барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар маркази Душанбе
Муҳаммадҷонов Валиҷон , боздоштшуда барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар маркази Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Муҳаммадҷонов Валиҷон , боздоштшуда барои гаппартоӣ ва дашноми духтарон дар маркази Душанбе
Пулиси Душанбе афзуд, номбурдагон иқрор шудаанд, ки шоми 15-уми майи соли ҷорӣ ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакӣ, назди Театри опера ва балет ба номи Устод С. Айнӣ ба ҷавондухтарон гаппартоӣ карда, онҳоро мавриди озори лафзӣ қарор додаанд, ки аз ин кирдорашон воқаен пушаймонанд.
Додгоҳ Муҳаммадҷонов Валиҷон ва Бегов Ҷаҳонгирро бар асоси моддаи 460 - майдаавбошӣ гунаҳкор дониста, ба муҳлати 5-шабонарӯзӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.
Назари бевоситаи муттаҳамон дар бораи иттиҳом ва қарори додгоҳ маълум нест.
Муҷозоти ҷавонписарон дар Тоҷикистон баъди он шиддат гирифт, ки гуруҳи занон аз мақомоти кишвар хостанд, онҳоро аз озори лафзии бархе ҷавонон дар кӯчаю хиёбонҳои ҷумҳурӣ ҳимоят намоянд.
Аммо бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи нашри аксу наворҳои чунин ҷавонҳо дар сомонаҳо баромад карда, изҳор медоранд, ки танҳо бо ҷарима бояд иктифо карда шавад.
Гуруҳи дигар мегӯянд, бигузор паҳнсозии аксу наворҳои муттаҳамон дар озори лафзии духтарон дар шабакаҳо нашр гарданд, то барои дигарон дарс шавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала