Нуриддин Давронов ба "Борнео"-и Индонезия бармегардад

© ФФТНуриддин Давронов, архивное фото
Нуриддин Давронов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Нимҳимоятгар Нуриддин Давронов бо сабаби ба итмом расидани муҳлати иҷора "Истиқлол"-ро тарк мекунад
ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Нимҳимоятгари мунтахаби Тоҷикистон Нуриддин Давронов, ки дар аввали мавсим ба "Истиқлол" омад, бошгоҳи душанбегиро тарк мекунад.
Тибқи иттилои сомонати тими "Истиқлол", шартномаи иҷораи Давронов ба итмом расид ва бозигар ба маҳалли клуби "Борнео" (Индонезия) бармегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар "Истиқлол" тули ин муддат Нуриддин Давронов бо тими худ Ҷоми ФФТ-ро ба даст овард ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.
Ғайр аз он, Давронов дар баромади муваффақонаи даста дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АФК саҳми назаррас гузошта, дар ин мусобиқа дар ҳайати "Истиқлол" панҷ бозӣ кардааст.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлол
Бозигари шинохтаи тоҷик авали соли гузашта ба тими"Борнео" гузашта буд, ки ин дуввумин тими индонезӣ пас аз “Мадура Юнайтед” мебошад, ки Давронов дар он бозӣ мекунад.
Нуриддин Давронов солҳои гуногун дар дастаҳои “Истиқлол” (Душанбе) “Слобода” (Сербия), “Дунав” (Булғория), “Мадура Юнайтед” (Индонезия) ва “Оман” (Оман) бозӣ кардааст.
Давронов дар ҳайати яккачини кишвар шурӯъ аз соли 2008 ҳунарманоӣ карда, дар ин муддат дар беш аз 50 бозӣ иштирок кардааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала