Ҷанҷол дар назди бозори "Сафариён" бо марги сокини пойтахт анҷомид

© Sputnik Машина милиции в Таджикистане, архивное фото
Машина милиции в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Гумонбаршуда, қаблан 2 маротиба барои дуздӣ, як мартиба барои роҳзанӣ ва маротибаи дигар барои қасдан нест кардани молу мулк боздошту суд шуда буд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кормандони милиса марди 41 - соларо боздошт намуданд, ки дар қатли сокини 47 - солаи шаҳри Душанбе муттаҳам дониста мешавад.
Бар хабари котиботи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, номбурда рӯзи 15 май, тахминан соати 17:00 дар кӯчаи Шерализодаи пойтахт, назди маркази савдои "Сафариён" бо марди 47 - сола ҷангу ҷанҷол карда, ӯро лату кӯб намудааст.
Се корд ба шикаму пушташ задааст: боздошти ҷавон барои қатли маъшуқаи 19-сола
Гуфта мешавад, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
Манбаъ меафзояд, марди муттаҳам сокини Душанбе буда, қаблан барои содир намудани чандин ҷиноят суд шудааст.
"Номбурда 2 маротиба бо моддаи 244 (Дуздӣ) ва 1 маротиба бо моддаи 249 (Роҳзанӣ) суд шуда буд", - таъкид мешавад дар хабар.
Инчунин барои қасдан несту нобуд кардани молу мулк низ ҷазо гирифта буд.
ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0