Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Мухлиси ӯям: Киркоров дар Евровидение - 2021 аз Манижа ҳимоят кард

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкПевец Филипп Киркоров
Певец Филипп Киркоров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Ҳунарманди халқии Русия Филип Киркоров гуфт, интизории мунаққидони Манижа дар мавриди нокомии ӯ дар Евровидение - 2021 бароварда нахоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Овозхон Филип Киркоров намояндаи тоҷиктабори Русия дар озмуни Евровидение - 2021 Манижа Сангинро дастгирӣ кард.
Дар мусоҳиба бо рӯзноманигорон Ҳунарманди халқии Федератсияи Русия гуфт, ки ӯ мефаҳмад, ки то чӣ андоза ҳунарнамоӣ душвор хоҳад буд, вақте ки "дар хона пуштибонӣ намекунанд, балки баръакс, интизори нокомият ҳастанд".
Сароянда ҳунармандро дар интихоби миллӣ дастгирӣ кард. Киркоров қайд кард, ки ӯ мухлиси Манижа аст.

"Ман медонам, ки вақте як кишвар дар паси шумо истодааст, хусусан кишвари азим чӣ гуна аст. Ман медонам, ки вақте болоят инқдар бадбинӣ мерезад, вақте ки дар хона туро дастгирӣ намекунанд, аммо баръакс, онҳо нокомиро интизор мешаванд, ҳунарнамоӣ то чӣ андоза душвор аст. Онҳо мунтазири нокомӣ набошанд!", - таъкид кард Киркоров.

Вай изҳори итминон кард, ки ҳунарнамоии Манижа дар Ahoy Arena- и Роттердами Ҳолланд хуб хоҳад буд.
Наталя Гордиенко, иштирокчии Евровидение-2021 аз Молдова, ки Киркоров суруди Sugar- ро барояш навиштааст, низ аз ҳунарманди рус пуштибонӣ кард.
Вай қайд кард, ки Манижа боистеъдод, ҷаззоб ва қавӣ аст.
"Ӯ ба ман писанд аст. Мо мулоқот кардем, вай воқеан маро ҳамчун як шахс, ҳамчун як ҳунарманд мутаассир мекунад ва ман аз ӯ ҳимоят мекунам", - гуфт Гордиенко.
Қаблан Манижаро иштирокчиён аз Хорватия ва Австралия дастгирӣ карданд. Сарояндагон Албина ва Монтене қайд карданд, ки намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 арзандаи ба даст овардани ҳадди аксар холҳост.

Тоҷикдухтар дар Евровидение - 2021

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд. Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба тамошобинон дар Евровидение "сюрприз" ваъда кард
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд. Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Даври нимниҳоӣ ва финали озмуни Евровидение - 2021 аз 18 то 22 май идома мекунад.
Лентаи хабарҳо
0