Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Маросими ифтитоҳи Евровидение - 2021 дар Ҳолланд баргузор шуд

© AFP 2023 / PATRICK VAN EMSTРоссийско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Ҳунармандони 34 кишвар дар маросими ифтитоҳи Евровидение ширкат карданд: дар байни онҳо намояндаи Русия, Манижа низ ҳаст, ки тавонистааст дар бораи таронаи муаллифияш Russian Woman ба журналистон бигӯяд
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Дар Нидерланд маросими расмии ифтитоҳи озмуни Евровидение - 2021 баргузор шуд.
Чорабинии тантанавӣ барои рӯзноманигорон ва мухлисоне, ки бинобар пандемияи коронавирус натавонистанд ба Роттердам оянд, онлайн баргузор гардид.
Ҳайатҳои 34 нафар аз 39 кишвар - иштирокчиёни озмун, барои баррасӣ дар соҳилҳои Ниу-Мюс ҷамъ омаданд.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба тамошобинон дар Евровидение "сюрприз" ваъда кард
Намояндагони Лаҳистон ва Исландия натавонистанд, дар маросими ифтитоҳи Евровидение - 2021 ширкат варзанд, зеро озмоишҳои онҳо барои коронавирус мусбат буданд.
Ғайр аз он, ҳунармандон аз Руминия ва Малта дар худҷудоӣ қарор доранд, ки онҳо дар як меҳмонхона бо шахсони мубталои COVID-19 ҷойгир шудаанд.
Сарояндаи Австралия Монтене низ натавонист ба Ҳолланд биёяд. Аммо, вай барои тамошобинон ва иштирокчиёни Евровидение - 2021 паёми видеоӣ фиристод. Маълум аст, ки Монтене барои пирӯзӣ дар озмун ба таври фосилавӣ мубориза хоҳад бурд.
Зимни маросими ифтитоҳи Евровидение - 2021 намояндаи Русия, Манижа Сангин бо ҳамроҳии вокалистони пуштӣ ҳозир шуд. Ба сароянда муяссар шуд, ки дар бораи таронаи худ Russian Woman ("Зани рус") ба журналистон чанд сухан гӯяд.

"Марҳилаи душвори ҳаётам маро водор сохт, ки ин сурудро нависам. Ҳоло ман ҳис мекунам, ки чӣ гуна паёми он ба ман кумак мекунад, ки худам дар саҳнаи Евровидение истода бошам",- гуфт Манижа.

Ёдовар мешавем, ки даври ниманиҳоии озмун рӯзҳои 18 ва 20 май баргузор мешавад ва марҳилаи ниҳоӣ рӯзи 22 май дар назар аст.
Тоҷикдухтар дар Евровидение - 2021
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори Русия мебошад, ки бо суруди Russian Woman дар давраи интихоби миллӣ намояндаи кишвар дар Евровидение интихоб шуд. Интихоби намоянда аз Русия тариқи раъйдиҳӣ зимни пахши мустақим тариқи шабакаи аввали телевизион рӯзи 8 март сурат гирифт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ карданд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам бисёри мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмунро аз 18 то 22 май Ротердам мизбонӣ менамояд.
Российско-таджикская певица и автор песен Манижа поет во время второй репетиции первого полуфинала конкурса песни Евровидение в Роттердаме - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2021
Сазовори баландтарин хол: дар Евровидение ба Манижа баҳои баланд доданд
Пеш аз эълони натиҷаҳои интихоби миллӣ, букмекерҳои байналмилалӣ ҷойгоҳи 3-ро барои Русия пешгӯӣ мекарданд. Пас аз тасвиби Манижа ва муаррифии суруд, имкони пирӯзии кишвар дар озмун коҳиш ёфт - дар тӯли як рӯз мавқеъ ба 10-ум иваз шуд.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то зодаи Тоҷикистон аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад.
Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа Russian Woman барои Eurovision - 2021 беш аз 9 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд. Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рус" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.
Даври нимниҳоӣ ва финали озмуни Евровидение - 2021 аз 18 то 22 май идома мекунад.
Лентаи хабарҳо
0