Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Яке чекист ва дигаре марзбон: Қирғизистон қазияи боздошти се тоҷикистониро шарҳ дод

© Sputnik В районе границы между Таджикистаном и Кыргызстаном
В районе границы между Таджикистаном и Кыргызстаном  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Мақомоти қирғиз мегӯянд, дар миёни шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон дар деҳаи Оқсойи Қирғизистон, ду нафарашон низомӣ будаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷузъиёти ҳодисаи дар марз бо Тоҷикистон рухдодаро шарҳ дод, менависад Sputnik Қирғизистон.
Бар хабари манбаъ, аз се шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон ду нафарашон низомӣ буданд.
"Яке корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигаре хизматчии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон аст", - гуфта мешавад дар хабар.
Қаблан хабар дода шуд, ки дар деҳаҳои Ворух ва Оқсой се нафарӣ аз шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон боздошт шуданд. Аммо пас аз гуфтушунидҳо, шаҳрвандони дар марз боздоштшуда озод карда шуданд.
Қирғизистон мегӯяд, мошине, ки аз самти Ворух ба Исфара ҳаракат дошт, дар ҳудуди деҳаи Оқсой таваққуф кардааст, дар ҳоле ки ин роҳи транзитӣ буда, истодан ва ё фаровардану гирифтани мусофир, манъ аст.
Аммо, аз мақомоти Исфара гуфтанд, дар деҳаи Оқсой шаҳрвандони Тоҷикистонро аз мошини "Газел" фароварда ва гаравгон гирифтанд.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
То кай? баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи ҳамдигарро озод карданд
Дар бораи шахсияти се тоҷикистонӣ ва ҳамчунин низомӣ будан ва ё набудани онҳоро мақомоти Тоҷикистон расман шарҳ надодаанд.
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала