Маълум шуд, ки чаро Шавкат Мирзиёев ба Хуҷанд меравад

© Пресс-служба президента УзбекистанаШавкат Мирзиёев на совещании с активом Хорезмской области
Шавкат Мирзиёев на совещании с активом Хорезмской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Раисҷумҳури Ӯзбекистон дар чорчуби сафари худ ба Тоҷикистон, ки қарор аст, аз 10 то 12 июн сурат гирад, аз шаҳри Хуҷанд низ боздид мекунад
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Шавкат Мирзиёев дар доираи сафараш ба Тоҷикистон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд боздид мекунаду бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос мегардад, хабар доданд манобеъ дар мақомоти давлатии Суғд.
Шавкат Мирзиёевро дар сафар ба шаҳри Хуҷанд роҳбарони олии Тоҷикистон низ ҳамроҳӣ хоҳад кард.

“Дар назар аст, меҳмонони олимақом бо фаъолияти корхонаи истеҳсолии “Қолинҳои Суғд” дар шаҳри Гулистон ва корхонаи тавлидотии “Ҷавонӣ” - и шаҳри Хуҷанд шинос шаванд”, - гуфт манбаи Sputnik Тоҷикистон.

Ин манбаъ ҳамчунин таъкид намуд, ки сафари меҳмонони баландпоя ба “Қасри Арбоб” ва Боғи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар дошта шудааст.
Рабочий визит президента РФ В. Путина в Таджикистан для участия в СВМДА - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2021
Маълум шуд, Мирзиёев кай ба Тоҷикистон меояд
Интизор меравад, ки доираи сафари раисиҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ имзо карда шаванд.
Қаблан маълум буд, ки сарони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба зудӣ нишасти муштарак барпо мекунанд.
Дар доираи сафари ҳайати Тоҷикистон ба Тошканд гуфтушунидҳо байни муовини сарвазир, вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ва вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин баргузор шуд.
Президент Республики Узбекистан Шавкат Мирзиёев принял Премьер-министра Республики Таджикистан Кохира Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Мулоқоти Расулзода бо Мирзиёев: аз ҳамкорӣ то омодагӣ ба дидори президентҳо
Дар мулоқот тадбирҳои афзоиши тиҷорати мутақобила баррасӣ гардид.
Ҳамин тариқ, кишварҳо нақша доранд, ки ҳаҷми савдоро аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Ҳамзамон, дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи дурнамои макроиқтисодӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва тиҷорати электронӣ созишҳо ба даст оварда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала