Сунатулло Лоиқов дар мусобиқаи байналмилалӣ медали нуқра ба даст овард - видео

Обуна шудан
Варзишгари ҷавони тоҷик, Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 14-16 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст, ки дар ин мусобиқа беш аз 400 нафар варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат карданд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар — 6 нафар миёни ҷавонон ва 5 нафар миёни наврасон намояндагӣ намуданд.
Сунатулло Лоиқов дар вазни 81 кило миёни ҷавонон рақобатро дар даври аввал ба муқобили варзишгари мизбон Бекзат Таугалиев оғоз карда, пирӯз шуд.
Дзюдоист Комроншох Устопириен победил чешского спортсмена Мартина Бездека - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2021
Комроншоҳи Устопириён рақиби пурзӯрашро моҳирона аз пой афтонд - навори рақобат
Варзишгри тоҷик дар даври чорякниҳоӣ варзишгари дигари мизбон Батирхан Сакенов ва дар нимфинал намояндаи Қирғизистон Абдулло Ҷалолиддиновро мағлуб намуд.
Аммо дар мубориза барои медали тиллои мусобиқа аз чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019 Аян Байгази шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра гардид.
Лентаи хабарҳо
0