Тағйирот дар Қонуни танзим: дар ҳолатҳои фавқулода маҳдудиятҳо бештар мешаванд

© Sputnik / Амир ИсаевСумангул Тагаева министр труда и занятости
Сумангул Тагаева министр труда и занятости - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Парлумони Тоҷикистон ба Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Тоҷикистон” тағйирот ворид хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Имрӯз таҳти раёсати раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти парлумони кишвар, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор додани чораҳои пешгирикунанда дар заминаи ҷорӣ намудани маҳдудият оид ба тартиби гузаронидани ҷашну маросим ва бартараф намудани камбудиҳои ҷузъии дар матни қонуни амалкунанда ҷойдошта, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Опрос Комитета по делам религии Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2020
Қонуни танзим хушатон омад? – Кумитаи дин ҳазорон нафарро ба пурсиш гирифтааст
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода зимни баррасии масъалаи мазкур иброз дошт, ки тибқи тағйироти пешниҳодгардида ба панҷ моддаи қонуни амалкунанда дигаргунӣ ворид карда шудааст, ки он хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

“Инчунин ба қонун моддаи 14 замимаи 2 илова карда шудааст, ки тибқи он дар ҳолатҳои истисноӣ бо риояи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон ҳангоми вазъияти фавқулода, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ Ҳукумати Тоҷикистон метавонад меъёрҳои маҳдудкунандаро оид ба гузаронидани ҷашну маросим муқаррар намояд”, - гуфт Сумангул Тағойзода.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки меъёри мазкур дар иртибот ба талаботи ду санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, аз ҷумла Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода” ва қонун “Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ” роҳандозӣ гардидааст.
Лоиҳаи Қонуни пешниҳодгардида ба талаботи боби сеюми Конститутсия Тоҷикистон (Маҷлиси Олӣ) ва боби панҷуми Қонуни Тоҷикистон”Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мухолифат надорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала