Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи ҳамдигарро озод карданд

© Sputnik / Виктор ТолочкоПограничная вышка, архивное фото
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон 6 шаҳрванди дар марз боздоштшударо озод кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти ду кишвар дар Оқсой “се шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон раҳо карда шуданд”.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя субҳи 17 май аснои сафар ба самти Исфара дар Ворух сурат гирифтааст.
Дар пайи ин ҳолат се шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз аз сӯи марзбонони тоҷик боздошт гардиданд.
Разрушенные дома в селах Ходжаи Аъло и Сомониён джамоата Чоркух города Исфара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.05.2021
Зарари ду деҳаи Тоҷикистон аз муноқишаи марзӣ беш аз 11 миллион сомонӣ ҳисоб шуд
Зубайдулло Шомадов гуфт, ки марзбонони Қирғизистон се шаҳрванди моро аз "Газел" фароварда, дар деҳаи Оқсой гаравгон гирифтаанд.

“Дар пайи ин ҳолат марзбонони тоҷик низ се сокини Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии марз дар қаламрави кишвар боздошт намуданд”, - гуфт сухангӯи ҳукумати Исфара.

Шомадов дар бораи ному насаби боздоштшудаҳо изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, ки имрӯз дар натиҷаи гуфтушунид ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо карда шуданд.
“Гуфтшуниди ҷонибҳо аз рӯи принсипи якдигарфаҳмӣ сурат гирифт”, - афзуд Шомадов.
Номуайян боқӣ мондани хатти марз, борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ шудааст.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Зампредседателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Высшего собрания) Республики Таджикистан Хайринисо Юсуфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Муроҷиати Хайриниссо Юсуфӣ ба сокинони Қирғизистон -навор
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0