UNICEF аз кишварҳои доро хост, ба кишварҳои камбизоат воксина хайр кунанд

© Sputnik / Стас ЭтвешВакцина от коронавируса, архивное фото
Вакцина от коронавируса, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Ахиран UNICEF аз кишварҳои узви Гурӯҳи ҳафтгона (G7) ва Иттиҳоди Аврупо дархост кардааст, ки ба барномаи тақсими ройгони воксинаҳои COVAX-и СММ ба хотири коҳиши шиддати коронавирус воксина хайр кунанд
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи UN News, Ҳенриетта Фор, раҳбари иҷроияи UNICEF изҳор кардааст, ки тақдими воксинаҳо “як чораи камтарин, зарурӣ ва оҷил аст, ки ҳамин ҳоло бояд сурат гирад”.
Вай афзуд, ки G7 ва Иттиҳоди Аврупо агар моҳҳои июн, июл ва август ҳадди аққал 20 дарсади захираҳои воксинаҳои худро ҳам бидиҳанд, ин 153 миллион воя мешавад.
Ҳенриетта Фор, таъкид доштааст, ки ин кори онҳо ба барномаи эмкунии кишварҳои худ ҳеҷ осебе намерасонанд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон як узви барномаи COVAX-и Созмони ҷаҳонии тандурустӣ буда, то ҳол даҳҳо ҳазор адад воксина ба ин кишвар ворид шудааст.
Вакцина против COVID-19 Pfizer-Biontech - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.01.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
СММ ба тақсими ваксина алайҳи COVID - 19 шурӯъ кард: Тоҷикистон низ дар рӯйхат аст
Ҳамзамон ахиран Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз ҳамтои руси худ Михаил Мишустин дар таъмини Тоҷикистон бо ваксинаҳои русӣ кумак хост.

"Ҳамзамон, пинҳон намекунам, ки аҳолии Тоҷикистон ба ваксинаҳои Русия бештар эътимод доранд. Моҳи феврали соли равон ман бо як муроҷиати расмӣ ба шумо бо дархости баррасии имконияти ҷудо кардани як миқдори муайяни ваксинаҳои Русия ба Тоҷикистон фиристодам", - ёдовар шуд Расулзода.

Ёдрас мешавем, ки тибқи барномаи COVAX бояд ба Тоҷикистон 732 ҳазор воя воксини AstraZeneca ворид карда шавад. То ин дам танҳо 192 ҳазор ворид гаридааст.
Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, ваксина ройгон ва ихтиёрӣ аст. Ваксинагирии Astra-Zeneca бо фосилаи ду моҳ гирифта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала