Аз 5 навоҳӣ ба зарардидагони Кӯлоб 40 тонна кумаки башардӯстона расид

© Sputnik / Амир ИсаевВорота на въезде в Куляб
Ворота на въезде в Куляб - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Кумаки воридгардида аз маводи хӯрокворӣ, либосу пойафзол, рахти хоб ва масолеҳи сохтмонӣ иборат аст
ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Ноҳияҳои Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба зарардидагон аз офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб кумаки башардӯстона фиристоданд, хабар медиҳад агентии "Ховар".
Ба иттилои манбаъ, кумакҳои воридгардида аз маводи хӯрокӣ, либос, пойафзол, рахти хоб ва масолеҳи сохтмонӣ иборат буда, зиёда аз 40 тоннаро дар бар мегиранд.
Гуфта мешавад, ҳамарӯза ба сокинони аз офати табиӣ зарардида аз вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумак расонида мешавад.
Қаблан аз Суғду Бадахшон низ ба сокинони шаҳри Кӯлоб кумакҳо расонида шуданд.
Ҷамолиддин Абдуллозода ва Шодихон Ҷамшед, вазир ва муовини вазири тандурустӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Кӯмак ба осебдидагон: Абдуллозода ва Шодихон Ҷамшед ба Кӯлоб рафтанд
Манбаъ меафзояд, ҳоло баҳри бартараф намудани офати табиӣ масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб, идораи беҳдошти замин ва обёрӣ ва Муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди шаҳри Кӯлоб корҳои барқарорсозиро идома дода, каналу ҷӯйборҳоро аз оби лойқа тоза намуда истодаанд.
Ёдовар мешавем, ки 11 май дар натиҷаи омадани сел 3 нафар сокини шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои мошингарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала