Барчидани антеннаҳои моҳвора дар хиёбони Рӯдакии Душанбе оғоз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе, архивное фото
Вид на город Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Далели ин иқдом халалдор шудани намои берунии хонаҳои баландошиёна унвон шуда ва гуфта мешавад, ки коргарон ҳангоми соту сози боми ин хонаҳо наметавонанд ба осонӣ фаъолият кунанд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Коргарони хадамоти шаҳрии Душанбе барномаи барчидани мавҷгирҳои моҳвораӣ аз рӯи боми хонаҳо дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази шаҳрро оғоз кардаанд.
Ин хабарро дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе тасдиқ кардааст.
Тавре "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳои Тоҷикистон менависад, қаблан мақомоти ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ба сокинони ин хонаҳо ҳушдор дода буданд, ки то рӯзи 16 май тамомии антеннаҳои моҳвораиро ҷамъ кунанд ва дар акси ҳол кормандони идороти хадамоти шаҳрӣ ин корро анҷом хоҳанд дод.
Далели ин иқдом халалдор шудани намои берунии хонаҳои баландошиёна унвон шуда ва гуфта мешавад, ки коргарон ҳангоми соту сози боми ин хонаҳо наметавонанд ба осонӣ фаъолият кунанд.
Сокинони бархе аз ин хонаҳо муддаӣ ҳастанд, ки шаҳрдорӣ ҳақи мудохила дар моли хусӯсии онҳоро надорад.
Новая эстакада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Шаҳрдории Душанбе: рақами як хатсайри нақлиётӣ тағйир ёфт
Аммо Илҳом Обидов, мудири Созмони ҳимоят аз ҳуқуқи масрафкунандагон дар Тоҷикистон мегуяд, ки дар сӯрати ба чунин натиҷа расидани шаҳрдории Душанбе, ки вуҷӯди антеннаҳои моҳвораӣ рӯи боми хонаҳо мӯҷиби халалдор шудани намои берӯнии ин хонаҳо мешавад, дар ин маврид ҳақ бо ҳукумат аст.
Ин дар ҳоле аст, ки дар моҳи феврали имсол дастури барчидани антеннаҳои моҳвораӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе бо вокуниши шадиди корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ барӯ шуда буд, ки шаҳрдории пойтахти Тоҷикистонро ба мудохила дар зиндагии хусӯсии сокинони Душанбе муттаҳам мекарданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала