Бонкҳои рушди СҲШ стратегияи нави ташкилотро таҳия мекунанд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксСотрудники банка в офисе, архивное фото
Сотрудники банка в офисе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Лоиҳа ҳангоми мулоқоти коршиносон ва ҳамоҳангсозони Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ, ки рӯзи душанбе дар Душанбе баргузор шуд, таҳия шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Имсол Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ (АБС) ба рушди маблағгузорӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сабз дар иқтисоди кишварҳои созмон шурӯъ мекунад.
Инчунин усулҳои муштараки арзёбии хавфҳои пандемия, лоиҳаи Стратегияи рушди минбаъдаи ассотсиатсия мегӯяд.
Флажок с логотипом Шанхайской организации сотрудничества (ШОС) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2021
Дар Тоҷикистон Маркази дӯстӣ ва ҳамкории СҲШ ифтитоҳ шуд
Лоиҳа ҳангоми мулоқоти коршиносон ва ҳамоҳангсозони Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ, ки рӯзи душанбе дар Душанбе баргузор шуд, таҳия шудааст, хабар медиҳад корпаратсияи давлатии "ВЭБ РФ".
Ҷаласа мунтазам барои навсозии рӯзномаи Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ, инчунин омода кардани ҷаласаи Шӯрои сарони ассотсиатсия гузаронида мешавад.
Имсол он дар Тоҷикистон, кишвари раисикунандаи СҲШ баргузор мешавад.
Лоиҳаи Стратегия доираи васеи масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки барои рушди иқтисоди кишварҳои узви СҲШ аҳамияти калидӣ доранд.
Аз ҷумла, "ВЭБ РФ" дар якҷоягӣ бо шарикони худ дар якҷояшавӣ ният дорад, ки фаъолияти сармоягузориро афзоиш диҳад.
"Сухан дар бораи маблағгузории муштараки лоиҳаҳои афзалиятнок ва татбиқи минбаъдаи харитаи роҳ, ки соли гузашта барои рафъи оқибатҳои пандемия барои иқтисоди созмон қабул шуда буд, меравад", - омадааст дар иттилоияи бонк.
Ғайр аз ин, корҳо оид ба тавсеаи истифодаи асъори миллӣ дар ҳисоббаробаркунии муштарак идома хоҳанд ёфт.
Подпись документов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2020
Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси СҲШ - ро тасдиқ кард - акс
Қарор аст, ки Стратегия тирамоҳи соли равон дар доираи ҷаласаи Шӯрои АБС, ки дар он одатан роҳбарони бонкҳои аъзои ассотсиатсия иштирок мекунанд, ба имзо расад.
Ассотсиатсияи байнибонкии СҲШ соли 2005 бо мақсади ташкили механизми маблағгузорӣ ва хизматрасонии бонкӣ барои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ дастгирӣ карда мешаванд, таъсис дода шудааст.
Ба ассотсиатсия Бонки Рушди Қазоқистон, Бонки давлатии рушди Чин, Внешэкономбанк, Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Миллии Иқтисоди хориҷии Ӯзбекистон шомиланд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала