Боздошти ронандаи ҷавон барои "кокс" ва ҳайкунӣ бо суръати баланд - видео

CC BY 2.0 / Lindsay Shaver / cars racing / Гузаштан ба хазинаи аксНочные гонки, архивное фото
Ночные гонки, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Раёсати умури дохилии Душанбе аз боздошти ҷавоне хабар додааст, ки бо истилоҳ мошинро "кокс" дода бо суръати баланд ҳай кардааст
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Идораи пулиси Душанбе гуфт, як сокини пойтахт навори қоидавайронкунии як ронандаро сабт ва ба мақомот ирсол намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар навор дида мешавад, ки ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, автомашинаи худро бо суръати баланду садои гӯшхарош якбора ҳай кардааст.
Таъкид мешавад, ки ҳодиса дар наздикии бозори “Султони Кабир” рух дода, ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, бо ин кирдораш ҳаёту саломатии дигар иштирокчиёни ҳаракати роҳро зери хатар гузоштааст.
Маъмурини милиса дар натиҷаи санҷиш муайян кардаанд, ки ронандаи автомашинаи зикргардида шаҳрванд, Холов Улуғбек, сокини 24-солаи шаҳри Душанбе мебошад.
“Зимни пурсиш номбурда тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат зимни ҳаракат дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори Султони Кабир автомашинаи худро бо суръати баланду садои гушхарош яку якбора аз ҷои ист ба ҳаракат дароварда, хилофи Коидаҳои ҳаракати роҳ ба талаботи чароғаки роҳнамо итоат накарда, ин ҳолатро наворбардорӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст”, - омадааст дар иттилоия.
Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Холов Улуғбекро барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани оромии шаҳрвандон ба муҳлати 5 шабонарӯз ба ҳабси маъмурӣ гирифтааст.
Раёсати умури дохилии Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар мошинҳояшон дастгоҳҳои иловагии садобаландкунандаро насб накунанд, ки ин амал хилофи қоида буда, боиси нороҳатии шаҳрвандон мегардад. Инчунин аз шаҳрвандон даъват шудааст, ки чунин ҳолатҳоро наворбардорӣ кунанду барои чораандешӣ ба мақомоти милиса ирсол намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала