Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

"Чиптаашон гарон": шарҳи раиси Агентӣ дар бораи манъи парвозҳои “Северний ветер”

Boeing 777 в небе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон эълон кардааст, ки бино бар қимат фурӯхтани чиптаҳои ҳавопаймо парвозҳои ширкати “Северний ветер” аз Душанбе ба шаҳрҳои мухталифи Русия манъ карда шуд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Агентии авиатсияи гражданӣ хабар додааст, ки манъи парвозҳои ширкати русии “Северний ветер” дар Тоҷикистон ба гарон фурӯхтани нархи чиптаҳои парвоз ба шаҳрҳои мухталифи Русия рабт дорад.
"Онҳо чиптаҳои ҳавопайморо бо нархҳои баланд мефурӯхтанд. Дирӯз, пас аз мулоқоти навбатии худ, мо бори дигар ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳушдор додем, ки нархи чиптаҳоро беасос баланд накунанд ва амнияти парвозро таъмин намоянд", - гуфт директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба Sputnik Тоҷикистон
Ин дар ҳолест, ки намояндаи ширкати “Северний ветер” иддаои роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданиро рад мекунад мегӯяд, агнетӣ натавонистааст дуруст шарҳ диҳад, ки барои чӣ парвозҳо қатъ гардиданд.
Бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Шарҳи бандмонии садҳо мусофирони ҳавопаймои чартерӣ дар Фурудгоҳи Хуҷанд
"Дар аввал ба мо гуфтанд, ки ба сабаби зиёд будани мусофирон ба онҳо ҳавопаймоҳои калон хидмат расонанд. Ширкат ҳавопаймои Боинг 777-ро барои парвозҳо ҷудо кард, аммо дар посух Агентии авиатсияи гражданӣ парвозҳои ширкати моро бидуни ягон асос манъ кард ва мақомоти авиатсияи гражданӣ ин иқдоми худро ҳеҷ гуна шарҳ дода натавонистанд", - изҳор доштаанд намояндагони ширкат ба расонаҳои маҳаллӣ.
Манбаъ афзуд, мақомот изҳор доштаанд, ки фурудгоҳҳои Тоҷикистон ҳавопаймоҳои калонро қабул карда наметавонанд, аммо роҳбарони фурудгоҳҳои Душанбе ва Хуҷанд ба тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймоҳои ширкатро қабул карда метавонанд.
Дар чанд рузи ахир мардум дар фурудгоҳҳо шабу рӯз интизранд бо чиптаҳои харидашуда аз ширкати “Северний ветер” ба шаҳрҳои Русия парвоз кунанд.
Ёдрас мешавем, ки ширкати ҳавоии “Северний ветер” парвозҳоро аз Хуҷанд ба Қазон, Иркутск, Перм ва аз Душанбе ба самти Санкт-Петербург, Қазон ва Маскав анҷом медод.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала