Довталабон, шитобед: эълони давраи нави озмуни "Ты супер!" оғоз ёфт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкФинал конкурса "Ты супер!" в Государственном Кремлевском Дворце
Финал конкурса Ты супер! в Государственном Кремлевском Дворце - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Дархостро барои иштирок дар озмуни "Ты супер!" метавонад наврасони боистеъдоде, ки дар хонаи кӯдакон истиқомат мекунанд ё фарзандхонӣ шудаанд ва ё дар мактаб-интернатҳо мехонанд, равон кунанд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Шабакаи телевизионии НТВ ва оҷонсии иттилоотии байналмилалии Sputnik ба давраи панҷуми озмуни "Ты супер!" ё "Ту беҳтаринӣ!" барои кӯдакони бепарастор кастинг эълон мекунад.
Дар лоиҳа наврасони боистеъдоде, ки дар хонаи кӯдакон истиқомат мекунанд ё фарзандхонӣ шудаанд ва ё дар мактаб-интернатҳо мехонанд, метавонанд иштирок кунанд.
Шартҳои қабул ба озмуни "Ту беҳтаринӣ!" мисли давраҳои гузашта аст: иштироккунандагон бояд аз 7 то 18 сол дошта, фарзандхонӣ шуда бошанд ва ё тарбиятгирандаи хонаи кӯдакон ва мактаб-интернатҳо бошанд.
Наврасон аз тамоми гӯшаву канори Русия ва ИДМ ҳуқуқи иштирок дар ин озмунро доранд. Довталабон тариқи кастинг интихоб мешаванд.
Шумо метавонед барои иштирок дар кастинг ба почтаи электронии Sputnik Тоҷикистон - info@sputnik.tj маълумотҳои зеринро фиристед.
1. Наворе, ки дар он довталаб худро муаррифӣ мекунад (ному насаб, сину сол, ҷои зист: дар хонаи кӯдакон/интернат/фарзандхонӣ шудааст) ва чанд наворе, ки дар он довталаб баромад мекунад. Метавон навори баромадҳоро аз дигар озмунҳо низ равон кард.
2. Ирсоли дархости пуркардашуда
Натиҷаи давраи аввали озмун тобистони соли 2021 маълум мегардад.
Мехрона Гайбуллоева из Таджикистана на Ты супер! - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2019
Меҳрона Ғайбуллоева аз даври нимниҳоии шоу-барномаи “Ту беҳтаринӣ!” нагузашт
Нахустнамоиши озмуни мусиқии бачагона "Ты супер!" дар шабакаи телевизионии НТВ 11 феврали соли 2017 баргузор шуд. Аз аввалин барнома, ба яке аз маъруфтарин намоишҳои истеъдодҳо табдил ёфт.
Дар тӯли ду соли мавҷудияти худ, ин озмуни "Ты супер!" ба 174 ҷавон кӯмак кард, ки истеъдоди овозхонии худро нишон диҳанд ва қадамҳои нахустини худро дар касби мусиқӣ гузоранд. Баъзе аз аъзоён ба орзуҳои худ расиданду волидайн пайдо карданд.
Ёдрас мешавем, соли гузашта дар озмуни байналмилалии "Ты супер!" Тоҷикистонро Меҳрона Ғайбуллоева намояндагӣ карда буд. Ӯ то давраи нимниҳоии озмун роҳ ёфта тавонист.
Лентаи хабарҳо
0