Дар Душанбе ҷашнвораи театрии "Парасту - 2021" баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевПредвыборное оформление города Душанбе
Предвыборное оформление города Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Ҷашнвораи театрии "Парасту" анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Дар Душанбе ҷашнвораи театрии "Парасту - 2021" баргузор мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, маросими ифтитоҳи ин чорабинӣ бегоҳи рӯзи 19 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, ҷашнвораи мазкур имсол бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ҳамчунин 80 - солагии Ҳунарпешаи Тоҷикистон Ато Муҳаммадҷонов гузаронида мешавад.
Намоишномаи Бухорои Шариф дар ҷашнвораи Парасту. 15 июни соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2019
Шоҳҷоиза ба "Фирдавсӣ", ҷои якум ба "Хусраву Ширин" ва "Қорӣ Ишкамба": "Парасту-2019"
Манбаъ меафзояд, дар фестивал-озмуни "Парасту - 2021", 11 театри касбии ҷумҳурӣ иштирок карда, ба он беҳтарин намоишҳое пешниҳод мешаванд, ки тўли солҳои 2019-2021 рўи саҳна омадаанд.
Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – "Парасту" анъанавӣ буда, дар ду сол як маротиба баргузор мегардад ва дар он театрҳои касбии тамоми манотиқи кишвар ширкат менамоянд.
Бояд гуфт, ки тамошои намоишҳо дар ин озмун комилан ройгон аст. Ин озмун то 25 май давом меёбад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала