Эҳтимоли мулоқоти Путин ва Байден дар Женева

© Alexander NatruskinПрезидент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Расонаҳо дар бораи макони эҳтимолии мулоқоти президенти Русия Владимир Путин ва роҳбари Кохи Сафед Ҷо Байден хабар доданд
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Расонаҳои хабарӣ менависанд, ки президенти Русия Владимир Путин бо ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден дар Женева мулоқот мекунад.
Дар ҳоли ҳозир мақомоти Швейтсария расман ин маълумотро шарҳ надодаанд.
Манбаъҳо қайд мекунанд, ки бо ризоияти Маскав мулоқоти раҳбарони ду давлат дар шаҳри зикршуда баргузор мешавад.
Пештар хабар дода шуд, ки замони мулоқоти Путин ва Байден дақиқ гардид.
Президент РФ Владимир Путин и президент США Джо Байден - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Байден ба Путин пешниҳоди мулоқот кардааст
Мулоқоти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Ҷо Байден шояд моҳи июн баргузор шавад, хабар дода буд, Юрий Ушаков ёвари президент .
Ба иҳори ӯ замон ва ҳатто санаи баргузор шудани мулоқот миёни Владимир Путин ва Ҷо Байден муайян шудааст.
Аммо, ёвари президент дақиқан нагуфт, ки кадом рӯз мулоқоти сарони Русия ва Амрико доир мешавад.
Пештар гуфтугӯи телефонии президентҳои Русия ва ИМА бо ташаббуси Вашингтон рӯзи 13 апрел сурат гирифт. Байден ба Путин мулоқоти шахсӣ пешниҳод кард ва кишвардори Русия онро пазируфт.
Лентаи хабарҳо
0