То 37 дараҷа гармӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои 18 май

© Sputnik / Амир ИсаевНа улице в городе Душанбе, архивное фото
На улице в городе Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон имрӯз ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ дамои ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik.Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз ҳавои тағйирёбандаву беборишро пешгӯӣ намудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр хоҳад буд. Дар ғарби вилоят шабона 7-12 ва рӯзона 21-26 дараҷа ҳаво гарм мешавад. Дар қисмати шарқӣ бошад, шабона 3 8 дараҷа хунук, аммо рӯзона 8-13 дараҷа гарм шудани ҳаво дар назар аст.
Ҳаво дар вилояти Суғд низ камабр хоҳад шуд.Дар водиҳо гармии ҳаво рӯзона то 30-35 ва шабона 13 18 дараҷа мерасад.
Дар баъзе минтақаҳо борон ва раъду барқ мешавад: дамои ҳаво дар Тоҷикистон
Даоми ҳаво дар вилояти Хатлон рӯзона 23-37 ва шабона 15 -20 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13-15 ва рӯзона 22-27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0