Ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе: ду нафараш ба ҳалокат расиду сеюмаш наҷот ёфт

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе хабар дод. Ду ноболиғ ба ҳолокат расиду, нафари сеюм наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон санаи 16 – уми майи соли равон се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
“Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки се писари ноболиғ, сокинони шаҳри Душанбе, ки яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буд, ҳангоми оббозӣ дар маҳалли Гулбута, шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
“Шаҳрванд Қурбоналӣ Мирзоев, ки иттифоқан аз ин мавзеъ мегузашт, хеле чолокона худро дар дарё зад ва ду нафари онҳо: бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об берун овард. Мутаасифона, яке аз онҳо аллакай ҳангоми ғарқ шудан ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол доданд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист”, - зикр намудааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, дастаи наҷотдиҳандагон, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот худи ҳамон рӯз ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Тонущий человек, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Навраси тоҷик дар Русия ба хотири наҷоти мактабхон ғарқ шуд
КҲФ-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки баъди боронҳо ва сардиҳои чанд рӯзи охир, дубора ҳаво гарм шуд ва маъмулан гармо бештар бачаҳоро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ҷалб мекунад.
Дар ҳамин ҳол манбаъ аз волидон дархост кардааст, ки бештар аз пештар дар назорати фарзандони хурдсоли худ бошанд.
“Беназоратӣ ҳамеша зояндаи фоҷеа буда, метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад. Мисоли ин рӯйдодест, ки ҳоло хондед. Аз як оила ду нафар ғарқи об шуданд, гарчи яке наҷот ёфт, вале ӯ низ дар ҳоли вазнин аст”, - зикр намудааст КҲФ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала