Хисороти боришот дар Ҳисор ҳисобу бартараф мешавад

© YoutubeСели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб
Сели мудҳиш ва пайомадҳои он дар Кӯлоб  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Идораи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Ҳисор мегӯяд, дар боришоти шадиди ҳафтаи гузашта дар маҷмуъ 32 манзили сокинон осеб дид
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Сокинони деҳоти Шарора, Ҳисор ва Дурбати шаҳри Ҳисор дар натиҷаи офати табиӣ ахир, аз ҷумла боришоту обхезӣ хисорот диданд.
Тибқи маълумоти пешакӣ, баробари сар задани обхезӣ дар деҳаҳои Ганҷрез, Саричашма ва Сайёди деҳоти Шарора ва Ҳисор 32 манзили истиқоматӣ, аз ҷумла 7 хона пурра садамавӣ гардида, ҳамчунин, иншооти ёрирасону заминҳои наздиҳавлигии сокинон осеб диданд.
“Барои тозаю поккорӣ намудани хонаҳои истиқоматии сокинони офатзада аз лойу гил кормандони муассисаю идораҳои давлатии маҳаллӣ, донишҷӯёни коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳр ихтиёран ба кумак омаданд”, - хабар дод нашрияи “Ҷумҳурият” аз қавли сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Ҳисор, Ширин Давлатов.
Мешки с бесплатной едой, пожертвованной нуждающимся, в Кабуле, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Тоҷикобод, Лахш, Сангвор, Рашт ва Нуробод ба Кӯлоб корвони кумак равон карданд
Манбаъ аз қавли ҳукумати шаҳр афзуд, ба ҳар оилае, ки хонаҳояшон осеби ҷиддӣ дида, имкони зиндагӣ дар онҳо намондааст, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 10 ҳазор дона хишт, 10 тонна семент ва 2 куб тахта ёрӣ расонида мешавад.
“Мутасаддиёни корхонаю ташкилоти давлатӣ, ашхоси саховатпеша ва соҳибкорони бонангу ори маҳаллӣ низ ваъда кардаанд, ки дар таъмини ҷиҳози хона ва ашёи рӯзгор ба зарардидагон саҳм мегузоранд”, - иттилоъ додаанд масъулини ҳукумати Ҳисор.
Маврид ба зикр аст, ки боришоти шадид рӯзи 11 май як сокини ҷавони Ҳисор ба ҳалокат расид. Аз марҳум сокини деҳаи Ҳалқадашти деҳоти ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор, Ҳоҷаев Қурбоналӣ Рустамович, соли таваллудаш 1995 ном бурда мешавад, ки ҳангоми чаронидани чорво дар деҳа зери обу гил монда, ба ҳалокат расидааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала