Интиқоли шаҳрвандони Тоҷикистон бо парвози махсус аз Непал

Города России. Екатеринбург - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Русия барои овардани шаҳрвандони кишвараш, ИДМ, Полша, Литва, Малта аз Непал парвози махсуси "Аэрофлот"-ро ташкил кард
ДУШАНБЕ, 18 мая — Sputnik. Ширкати ҳавоии "Аэрофлот" барои интиқоли шаҳрвандон аз Непал парвози махсус ташкил кард, хабар медиҳад "Россотрудничества"
Бо ин хатсайр ҳамчунин шаҳрвандони Тоҷикистон оварда шуданд, гуфта мешавад дар хабар.
Заминларзаи харобиовар дар Непал. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2015
Заминларзаи навбатӣ дар Непал: 117 нафар ҳалок шуданд
Ҳамин тариқ, парвозро сафорати Русия якҷо бо Хонаи фарҳанги русӣ дар Катманду ташкил карданд.
Ғайр аз ин, сокинони Беларус, Украина, Молдова, Қирғизистон, Қазоқистон, Латвия, Озарбойҷон, Лаҳистон, Литва ва Малта аз фурсат истифода бурда, ба ҳавопаймои Русия парвоз карданд.
"Аз Катманду ду саду панҷоҳу се нафар парвоз карданд", - таъкид кардааст манбаъ.
Раёсати Аэрофлот мусофиронро ба фурудгоҳи Шереметевои Маскав мерасонад.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари афзоиши шадиди гирифторони коронавирус дар ин кишвар, Непал дар аввали моҳи май парвозҳои дохилӣ ва хидматрасонии автобусро манъ кард.
На улицах Индии сжигают трупы умерших от COVID-19 - youtube
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Бедодгариҳои коронавирус дар Ҳиндустон: ҷасадҳо дар кӯчаҳо сӯзонида мешаванд - видео
Инчунин парвозҳои байналмилалиро то 14 май қатъ кард ва баъдан манъи онро то поёни сол тамдид кард .
То 18 май дар Непал 464,218 ҳолати сирояти и COVID-19 ба қайд гирифта шудааст.
Шумораи умумии фавтидагон аз сирояти коронавирус дар Непал 5 215 нафарро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои тасдиқшудаи табобати пурраи вирус - 345 523.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала