Ҷашнҳои рӯзи 18 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

© Sputnik / Стас Этвеш, Мария ВишняковаДень 18 мая
День 18 мая - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Рӯзи ҳаждаҳуми май ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо ҷашн гирифта мешавад. Ҳамзамон дар ин рӯз Туркманистон аз Рӯзи парчам ва нишони давлатӣ таҷлил мегирад

Рӯзи 18 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1974 Ҳиндустон ҳамчун 6-умин давлате, ки дорои бомбаи ҳастаӣ мебошад, шинохта шуд.

Рӯзи 18 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2001 дар шаҳри Токио семинар бахшида ба робитаҳои тиҷоратӣ-сармоягузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония доир гашт.
Соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 37-уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Соли 2010 шаҳри Душанбе аз ҷониби ISESCO ҳамчун пойтахти тамаддуни исломӣ муаррифӣ гардид.
Соли 2012 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъни инсон ва ҷазои бераҳмона Хуан Мендесро ба ҳузур пазируфтанд.
Соли 2013 раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми дуввуми об барои кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзӯи "Амнияти вобаста ба об ва таҳдидҳои офатҳои табиии марбут бо об" аз пойтахти Шоҳигарии Таиланд шаҳри Бангкок ба шаҳри Чиангмай омаданд.
Соли 2015 Эмомалӣ Раҳмон ноиби президенти Бонки давлатии рушди Чин Сиаою Жаоро ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 май

Рӯзи умумиҷаҳонии осорхонаҳо.
Рӯзи парчам ва нишони давлатии Туркманистон.
Лентаи хабарҳо
0