Ҷузъиёти таътили тобистонаи Путин маълум шуд

© Sputnik / Алексей Никольский / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент России Владимир Путин во время рыбалки в Республике Тыва
Президент России Владимир Путин во время рыбалки в Республике Тыва - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфт, кишвардори Русия Владимир Путин таътили тобистонаи худро чӣ гуна мегузаронад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин таътили пурраи тобистона нахоҳад дошт, гуфт Дмитрий Песков сухангӯи президент.
Песков қайд кард, ки ӯ омодааст бо итминон бигӯяд, ки роҳбари Русия нақшаҳои азими тафреҳи тобистонаи худро намекашад, зеро мавқеъ ва вазифаи ӯ имкон намедиҳад, то муддати тӯлонӣ истироҳат кунаду аз кор канор равад.
"Ӯ наметавонад аз чорабиниҳои муқаррарӣ бештар аз якчанд рӯз дур шавад. Мавқеи ӯ ҳамчун сарвари давлат ба ӯ имкон намедиҳад, бинобар ин чунин нақшаҳои таътилро надорад", - гуфт Песков.
Ба гуфтаи ӯ, Путин одат кардааст, ки танҳо дар рӯзҳои истироҳатӣ тафреҳ кунад.
Ҳамин тавр, дар охири моҳи март Владимир Путин ҳамроҳ бо вазири мудофиаи Федератсияи Русия, Сергей Шойгу ба Сибир рафт. Намояндагони мақомот дар тайга сайругашт карда, бо мошини ҳамагонӣ мерафтанд.
Қаблан Дмитрий Песков гуфта буд, ки чӣ гуна Владимир Путин вақтҳои холигии худро мегузаронад. Ӯ гуфт, раисҷумҳур китобу рӯзномаро бисёр мутолиа мекунад.
Ҳамчунин барномаи телевизионӣ, асосан бо забони англисӣ ва олмонӣ тамошо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала